Истиқлоли давлатӣ — неъмати бебаҳои таърихӣ

Истиқлол неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Тавре маълум аст, 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро эълон намуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун кишвари мустақилу соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намуд. Истиқлоли давлатӣ нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихору номус, рамзи саодату хушбахтӣ ва тантанаи орзуву ормонҳои деринаи мардуми мо мебошад, ки Тоҷикистони азизро ба як марҳилаи хоси таърихӣ ворид намуда, бо ҷомеаи ҷаҳон пайваст. Мутаассифона, дар ибтидои Истиқлоли давлатӣ гурӯҳҳои ҷинояткор вазъи кишварро ноором карданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварро фалаҷ карда, Тоҷикистонро ба вартаи ҳалокат наздик намуд.    

Вале хушбахтона, моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, вакили мардумӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлат интихоб шуда, рисолати таърихии худро бо шиори “Ман ба шумо сулҳ меорам” оғоз намуданд ва умеди мардумро дубора ба ояндаи дурахшони кишвар зинда намуданд. 

Сарвари тозаинтихоби давлат ва сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз вазъи ноороми пойтахти кишвар ва таъмин набудани амният, якҷо бо роҳбарони навтаъини мақомоти давлатӣ пас аз Иҷлосияи таърихӣ бо ҷасорати бемисл ба шаҳри Душанбе ворид шуда, ба фаъолият шуруъ намуданд. Ин фарзанди фарзонаи миллат барои ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар дар мадди аввал фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои ҳокимияти давлатиро барқарор намуда, низоми идоракунии давлатиро ба роҳ монданд. Қувваҳои Мусаллаҳ бе ягон заминаи меросии моддию техникӣ дар ҷойи холӣ таъсис шуд. Дар ин замина, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ безарар ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки он барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар мусоидат намуд.   

Барои ҳамқадаму ҳамрадиф будани ҷумҳурӣ бо кишварҳои пешрафта ва ҷомеаи мутамаддин зарурати тағйир додани санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Конститутсияи кишвар ба миён омад. Дар ин робита, таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки он ба ташкили низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ замина гузошт. Дар асоси ин санад ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ шуда, ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ таҷзия гардид. Парлумони касбии дупалатагӣ, сохторҳои ҳарбӣ ва дигар рукнҳои давлатдорӣ таъсис ёфтанд.  

Ҳамчунин, Парчами давлатӣ, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатӣ ва шаклҳои гуногуни моликият асоси иқтисодиёти Тоҷикистон эътироф гардида, ба муомилот пули миллӣ ворид шуд.

Бо талошҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар гардид, ки пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуда, 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ барои ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.

Бо ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим бунёд гардиданд. Дар ин раванд таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ, ки ояндаи Тоҷикистон ба амалӣ гардидани онҳо вобаста буд, муайян гардиданд.

Инак, Тоҷикистони мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат рӯ ба рушд аст. Имрӯз мо дар фазои орому осудаи диёр зиндагӣ мекунем ва шукргузор ҳастем, ки Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз шукуфотар мешавад. Феълан, моро мебояд, ки дар атрофи ташаббусҳои сарвари кишварамон муттаҳид шуда, барои расидан ба ҳадафҳои бузургу созанда талош кунем.

Шоиста ИСМАТЗОДА,

ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *