Иттиҳоди Аврупо хостори ҳалли сареъи ихтилофҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон шуд (аудио)

Иттиҳоди Аврупо бо пахши як изҳорот ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҳалли сареъи ихтилофҳо даъват кард.

Дар изҳороти ИА аз ҷумла гуфта мешавад, ки “мо аз ҳар ду тараф даъват мекунем, то иҷрои босамари созиши оташбасро таъмин намуда, барои паст кардани шиддати вазъият ва расидан ба ҳалли устувори ихтилофҳои мавҷуда тамоми қувваро ба харҷ диҳанд”.

Иттиҳоди Аврупо дар пайи интишори изҳороташ ҳамзамон аз теъдоди зиёди ҷабрдидагони муноқиша изҳори нигарониву ҳамдардӣ кард: “Рӯзҳои охир дар қитъаҳои мухталифи марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон миёни марзбонон задухӯрди шадид ба вуқуъ пайваст. Мо ба ҳамаи онҳое, ки бевосита осеб дидаанд, изҳори ҳамдардӣ менамоем. Чунин вазъияти муташанниҷ дар марзи муштарак бар таназзули суботи минтақа меорад”.

— Даъват аз он мекунем, ки ҳама гуна ихтилофот бо роҳи осоишта ва дипломатӣ ҳал карда шаванд. Иттиҳоди Аврупо бори дигар пешниҳоди кумак ва дастгирии устувори сиёсии худро барои таъмини субот ва шукуфоӣ дар минтақа тасдиқ менамояд,- гуфта мешавад дар изҳорот.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.