КҲФ аз рӯзҳои хатарнок ҳушдор дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар медиҳад, ки то 16-уми март дар минтақаҳои куҳии Тоҷикистон хатари фаромадани тарма, сел, ярч, сангрезӣ ва инчунин яхбандиҳо дар назар аст.

Тибқи пешгӯии Агентии обу ҳавошиносии кишвар, чунин вазъи ҳаво  то 16-уми март тӯл мекашад. Дар натиҷаи гарм шудани рӯзҳои охир ва боришот шароити номусоид ба вуҷуд меояд.

Дар қитъаҳои шоҳроҳҳои Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Лахш, Душанбе — Рашт, Душанбе — Сангвор, Душанбе — Дарвоз — Хоруғ, Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ — Мурғоб хатари фаромадани тарма ва сангрезӣ вуҷуд дорад. Ба ғайр аз ин, дар роҳҳо яхбандӣ низ мешавад.

КҲФ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки аз сафар ба минтақаҳои тармафаро худдорӣ намуда, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.

Ба сокинони минтақаҳои куҳӣ тавсия дода мешавад, ки рӯзҳои наздик аз корҳои кишоварзӣ даст кашида, дар чарогоҳҳои доманакуҳ ва куҳистон чаронидани чорворо камтар намуда, ба шикор ва моҳидорӣ нараванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *