КҲФ: То 21-уми июн хатари омадани сел зиёд аст!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 21-уми июни соли 2022 дар як қатор ноҳияҳои куҳӣ ва назикуҳии ҷумҳурӣ, ба истиснои қисми шарқии ВМКБ борон меборад.

Бино ба нигаронии манбаъ, ин борон метавонад сабаби омадани сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо шавад ва хатари лағзиши тармаву резиши санг низ зиёд аст.

Дар робита ба ин, КҲФ аз сокинон ва меҳмонони навоҳии куҳистон даъват кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар манотиқи куҳӣ ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.