КҲФ: Дар қаторкуҳи Ҳисор эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад! (аудио)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бино ба  маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, то 18-уми ноябри соли 2022 дар қисмати ҷанубии қаторкуҳи Ҳисор эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин гуна рӯзҳо сафарҳои безарурати худро бо роҳҳои куҳӣ маҳдуд кунанд, аз омода кардани ҳезум, шикор ва ғайра худдорӣ намоянд. Дар ин рӯзҳо, ки ҳаво сард аст, риояи қоидаҳои бехатарии сӯхтор барои ҳамаи касоне, ки хонаҳои худро бо печҳои барқӣ гарм мекунанд, ҳатмист.

Бино ба иттилои манбаъ, барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳи зимистон ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулодда дар қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд аз ҳисоби наҷотдиҳандагони КҲФ посгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд.

— Илова бар ин, дигар роҳҳои куҳии кишвар аз ҷониби кормандони Кумита ҳамроҳ бо намояндагони Вазорати нақлиёт ва Вазорати корҳои дохилӣ назорат карда мешаванд. Ин тадбирҳо дар давраи хатари ҳодисаҳои фавқулодда дар роҳҳо, ки дар натиҷаи сардии ҳаво ва бориши барф ба вуҷуд омадаанд, заруранд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *