Кӯлоб: ДИИШ сари як оиларо хӯрд

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб падар ва ду писарро барои таблиғи ғояҳои гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аз 8 то 12 солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст. Падари хонадон Мирзоалӣ Содиқови 54-сола ва писарони ӯ Фаррух Содиқови 28-сола ва Далер Содиқови 27-сола охирҳои моҳи гузашта аз сӯи додгоҳи минтақаи Кӯлоб ба зиндон маҳкум шудаанд.

Изатулло Табарзода, раиси додгоҳи минтақаи Кӯлоб рӯзи 12 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки афроди ин хонавода барои таблиғи гурӯҳҳои тундрав муттаҳам дониста мешаванд. Ҷаноби Табарзода афзуд, ки Фаррух Содиқов дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо гурӯҳҳои тундрав иртибот пайдо карда, наворҳои онҳоро таблиғ мекардааст. Ӯ мегӯяд, ки Фаррух Содиқов падар ва бародарашро низ ба ин кор ҷалб кардааст.

«Падари хонадон ба 8 соли зиндон, писари бузургӣ хонадон ба 12 ва писари дигар ба нӯҳ сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Нисбати Саодат Табарова модари хонадон низ парвандаи ҷиноӣ барои авбошӣ боз шуда, ӯро низ додгоҳ ба мудати 2,2 моҳ аз озодӣ маҳрум карда буд, аммо тибқи моддаи 1-и қонуни авф, ба озодӣ баромад. Модари хонадон дар он хусус гунаҳгор шуд, ки ҳангоми дастгирии шавҳар ва писаронаш ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилият нишон медиҳад ва авбошӣ мекунад»,—гуфт Изатулло Табарзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *