Чоки қайсар сари Гулсараро хурд

Шаби 12 январ дар таваллудхонаи шаҳри Ваҳдат Гулсара Гадоеваи 29-сола баъди ҷарроҳии қайсарӣ (кесарево сечение) ҷон бохтааст. Гулсара бояд фарзанди якумашро таваллуд мекард. Соли гузашта дар таваллудхонаи Ваҳдат 7 зан баъди ҷарроҳии қайсарӣ ҷон доданд. Духтурон ба «корхонаи тиҷоратӣ” табдил ёфтани таваллудхонаҳоро иллати чунин маргу мир медонанд.

Бознашр аз «Ахбор»

Манобеи сомонаи «Ахбор” хабар доданд, ки соати сеи шаби 12 январ дар таваллудхонаи шаҳри Ваҳдат як зани 29-сола дар пайи ҷарроҳии қайсарӣ (кесарево сечение) вафот кардааст.

Наздикони Гулсара Гадоева, зодаи ҷамоати ба номи Карим Исмоилови Ваҳдат рӯзи 12 январ ба «Ахбор” гуфтанд, ки ӯ баъди 8 соли издивоҷ бори аввал ҳомила шуда буд. Гулсара Гадоева, ки дар хонаи шавҳараш дар ҷамоати Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекард, барои маросими дафни падараш ба Ваҳдат омада буд. Дар маросими дафн фишори хуни ин зани ҳомила баланд шудааст ва ӯро ба таваллудхона бурдаанд.

Яке аз ҳамсӯҳбатони «Ахбор” гуфт: «Дар таваллудхона ба ин Гулсара Гадоева чандон аҳамият намедиҳанд ва ӯ дучори экламсия (як навъи токсикози занони ҳомила) шуд. Ӯро рӯзи 9 январ бо фишори баланд ҷарроҳӣ карда, кӯдакашро аз батнаш гирифтанд. Зан баъди ин ҷарроҳӣ гирифтори ДВС синдром шуд ва ӯро рӯзи 10 январ боз як бори дигар ҷарроҳӣ карда, бачадонашро низ бурида, гирифтанд. Гулсара Гадоева ду рӯз дар зери ИВЛ (вентилятсияи сунъии шушҳо) қарор дошт ва сунъӣ нафас мегирифт. Ӯ соати сеи шаби 12 январ аз олам чашм пӯшид.”

Кӯдаки Гулсара Гадоева зинда монд, вале ҷасади ин модари баргаштабахтро субҳи 12 январ ба наздиконаш супурданд.

Наздикони Гулсара Гадоева аз он изҳори ҳайрат мекунанд, ки мақомот ба ин ҳодисаи марги модар аз пушти панҷа нигоҳ мекунанд ва табибоне, ки дар марги Гулсара даст доштанд, бе ягон парво ба корашон дар таваллудхонаи Ваҳдат идома дода истодаанд: «Бе ягон хиҷолат занҳои дигарро муоина карда гаштаанд. На милиса аз пасашон шуд, на амният, на ягон каси дигар.”

Як корманди собиқи соҳаи тандурустии шаҳри Ваҳдат дар сӯҳбат бо «Ахбор” гуфт, бо дарназардошти вазъе ки дар муассисаҳои тиббии ин минтақа ҷорӣ кардаанд, ин ҳодиса барояш чандон ғайриинтизор набуд: «Дар давраи раҳбарии сартабиби кунунии Ваҳдат Дилбар Бӯракова муассисаҳои тиббӣ ба як навъ корхонаи тиҷоратӣ табдил додаанд. Вазифаҳои ба истилоҳ «равғанӣ”, аз ҷумла дар таваллудхона харидаву фурӯхта мешаванд. Ва табибе ки вазифаро мехарад, албатта, кӯшиш мекунад, ки аввал пули юарои харидани вазифа сарфкардаашро барорад. Барои як ҷарроҳии қайсарӣ аз 1000 то 2000 сомонӣ мегиранд. Ва табиист ки занҳои ҳомилаи ба истилоҳ «клиент”-ро ташвиқ мекунанд, ки бо ҷарроҳӣ таваллуд кунанд. Соли 2017 дар таваллудхонаи Ваҳдат 7 зан баъди ҷарроҳии қайсарӣ ҷон бохтанд. Инак Гулсара Гадоева рӯйхтаи қурбониҳои ҷарроҳии қайсарӣ дар соли 2018-ро оғоз кард.”

Бар асоси муқаррарот, ҷарроҳӣ ё буриши қайсарӣ (кесарево сечение) бояд танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, вақте ки таваллуд бо роҳи табиӣ ба ҳаёти кӯдак ё модари ӯ хатари ҷиддӣ дошта бошад, истифода шавад. Вале бино ба омори вазорати тандурустӣ, аз 6 то 8 дарсади модарони тоҷик кӯдакони худро бо роҳи чунин ҷарроҳӣ ба дунё меоранд.

Нархи буриши қайсарӣ бар асоси нархномаи расмии вазорати тандурустӣ 622 сомонӣ муқаррар шудааст. Вале дар аксари таваллудхонаҳо барои он аз 1000 то 2000 сомонӣ талаб мекунанд.

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз ин ки ҷарроҳии қайсарӣ ба як тиҷорати пурфоида дар муассисаҳои тиббӣ табдил ёфтааст, хабар доданд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣчанде пеш бо изҳори нигаронӣ аз мавридҳои афзояндаи «буриши қайсарӣ” дар мулоқот бо табибон гуфт, маълумотҳое дорад, ки табибон ин корро ба хотири пул анҷом медиҳанд: «1-2 фоиз кӯдак чаппамеоядёгапидигармешавад,лекин18-20фоизне-ку.Инхелнакунед.Боз мангапҳои дигар шунидам,оҳистапешироҳашрогирифтем. Барои пул ин корро мекардаанд. Духтурон ба шавҳаризаннигоҳмекунанд,кикӣаст. Аз чеҳравалибосмуайян мекардаанд. Агар одамипулдораст, дарҳолдаршӯро маслиҳаткарда,занисиҳатроҷарроҳӣмекунанд.

Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд ахиран хабар дод, ки ба зидди 15 табиб дар вилояти Суғд барои риоя накардани қоидаҳои ҷарроҳии қайсарӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *