шалғам

Канзи шифо: Шалғамчаи афсонавӣ чӣ фоида дорад?

Шумо албатта дар кӯдакӣ афсонаи “Мӯйсафед ва шалғам”-ро хондаед ва хуб медонед, ки чӣ тавр пирамард бо кампиру набера ва ҳатто ҳайвонҳои хонагиаш барои кандани шалғам заҳмат кашида буданд.

Дар ҳар як афсона, аз ҷумла дар афсонаи “Мӯйсафед ва шалғам” низ ҳақиқате ниҳон аст. Дар ҳақиқат шалғам хусусиятҳои хеле аҷиб дорад. Аввалан, бо хӯрдани миқдори ками шалғам одам зуд сер мешавад, аммо дар баробари ин каллориянокиаш хеле паст буда, боиси фарбеҳӣ намегардад. Дуюм, дар таркиби шалғам маводи зарурие бо номи клетчатка вуҷуд дошта, ҷараёни ҳазми хӯрокро ба низом медарорад.

Шалғам дар таркибаш ҳамчунин витаминҳои А, В6, В9, С ва К дошта, мубодилаи моддаҳоро дар организми инсон ба низом медарорад ва бо бемориҳои сироятӣ мубориза мебарад.

Шалғам устухонҳои инсонро пурқувват карда, хатари ба касалии саратон гирифтор шуданро кам мекунад.

Табибон ба шахсоне, ки бемории дил доранд, бештар шалғам хӯрданро маслиҳат медиҳанд, зеро он гардиши хунро беҳтар месозад.

Хӯрдани шалғам ба занҳои ҳомила низ муфид аст, зеро дар таркибаш моддаҳое дорад, ки ҳам барои зани бордор ва ҳам барои тифли батнаш фоиданок мебошанд. Шалғамро шумо метавонед ба шӯрбо, шӯла ва дигар хӯрокҳо илова намоед, ҳамроҳи гӯшт бирён ё обпаз карда хӯред ё ба хӯриш андозед.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.