КАСБИЯТ, САДОҚАТ ва ҶАСОРАТИЖУРНАЛИСТ

Китоби 5-уми журналист Далер Абдулло таҳти унвони «Касбият, садоқат, ҷасорат» аз чоп баромад. Ин китоб маҳсули заҳмати 2- солаи  муаллиф буда, дар жанрҳои гуногун таълиф ёфтааст.

Муаллиф дар пешгуфтори китоб менависад: “Бисту як сол аст, ки дар соҳаи журналистика заҳмат кашида, ба сифати афсари содиқи идеологӣ бо қалам аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва армонҳои мардуми тоҷик пуштибонӣ мекунам. Дар муқобили онҳое, ки бо Давлату Ҳукумати Тоҷикистон душманӣ меварзанд, мубориза мебарам. Дар ин раванд касбият, садоқат ва ҷасорат бароям авлавият ва меҳвару ҷавҳар буда, номгузории китоби панҷуми ман рамзу ҳикмат дорад”.

Муаллиф дар идома моҳияти китоби хешро дар 3 бахш чунин шарҳ додааст:

КАСБИЯТ. Бо дарки масъулият мегӯям, ки бидуни он соҳибном шудани журналист комилан ғайриимкон аст. Маҳз касбияти баланд замина фароҳам меорад, ки омӯзиши амиқи масъала ва таҳлилу муқоисаи мавзуъ ва ояндабинӣ мадди назари журналист бошад.

САДОҚАТ. Дар шароити кунунӣ вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар яки мо саҳмгузор будан баҳри ҳифзи истиқлоли давлатист. Ин рисолати таърихиро аз рӯзҳои аввали давлатсозиву давлатдорӣ, замоне ки аксарият арзишҳои милливу давлатиро фурӯхтанд, ба ояндаи неки кишвар бовар надоштанд, аз умури давлатдорӣ худро канор гирифтанд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона, ҷасурона ва фарзандвор ба зимма гирифтанд. Ҳоло вазифаи ҷонӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи виҷдонии мо аст, ки дар паҳлуи ин Абармарди дунёи сиёсат бошем… ҶАСОРАТ. Вақте журналист ба садоқату масъулият нигоҳи хос дорад, вижагиҳо ва таъсири онҳоро ба ҷомеа амиқ дарк месозад ва аз ҳамин мавқеъ ба дифои арзишҳои миллӣ ва давлатӣ бармехезад, зиндагиро дар ҷабҳаи мубориза барои расидан ба хайр ва аз байн бардоштани шарр сарф менамояд, он гоҳ ҷасораташ сутуданист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *