Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд — макони тарбияи кадрҳои баландихтисос

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ» аз калонтарин ва қадимтарин муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Суғд аст, ки 90 сол инҷониб дар тарбияи кадрҳои соҳаи тиб хизмат мерасонад.

Муассиса соли 1932 чун нахустин муассисаи миёнаи касбӣ оид ба тайёр  намудани мутахассисони зинаи миёнаи тиб ба фаъолият оғоз намуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.03.1999 ба Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ивази ном мекунад ва яке аз муассисаҳои таълимии соҳибмақом ва макони асосии тарбияи кадрҳои соҳибихтисос дар вилоят ба шумор меравад.

Бино ба иттилои директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Алимат Мавлонзода, дар панҷ факултети коллеҷ мутахассисони маълумоти миёнаи тиб аз рӯи ихтисосҳои кори момодоягӣ, кори табобатӣ, кори ҳамширагӣ, кори фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ, кори тиббӣ — ташхисӣ, кори тиббӣ — офиятӣ ва кори тиббӣ — профилактикӣ омода карда мешаванд.

Муассисаи давлатӣ бо дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои шароити зарурӣ гардида, соҳиби 1 бинои таълимии асосӣ, 1 бинои чорошёнаи хобгоҳ барои 200 нафар духтарон, 1 китобхона бо толори хониш ва китобхонаи электронӣ, ки бо шабакаи интернет пайваст карда шудааст, 1 кабинети лингофонӣ, 1 толори варзишӣ, 1 майдончаи варзишии воллейбол, баскетбол ва  бадминтон, 1 майдончаи варзишии “Ҳомии Ватан”, толори хурд оид ба намуди тенниси рӯи миз, 1 синфхонаи шоҳмот ва шашка, 1 бунгоҳи тиббӣ, 1 толори маҷлисгоҳ, 38 синфхонаи таълимӣ, озмоишгоҳҳо, ошхона, устохона ва дигар инфрасохтори лозимӣ мебошад.

Беш аз 300 нафар омӯзгорону кормандони коллеҷ дар асоси барномаҳои давлатӣ ва бо мақсади дар оянда таъмин намудани ҳифзи саломатии аҳолӣ ва татбиқи амалии «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» дар кафедраҳои “Забони давлатӣ”, “Забонҳои хориҷӣ”, “Забони русӣ”, “Бемориҳои дарунӣ”, “Момоӣ ва амрози занона”, “      Химия”, “Тарбияи ҷисмонӣ”, “Биология”, “Кори ҳамширагӣ”, “Анатомия ва физиология”, “Ҷарроҳӣ”, “Ҷамъиятшиносӣ”,          “Тиби оилавӣ”, “Микробиология ва беҳдошт”, “Бемориҳои бачагона”, “Информатика”, “Дорушиносӣ”, “Руҳу асаб”, “Стоматология” ба зиёда аз 4400  нафар донишҷӯён таълим медиҳанд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия ва фароҳамсозии шароити замони муосир барои донишҷӯён, истифодаи самаранок аз таҷрибаҳои пешқадами таҳсил бо ташаббуси роҳбарияти Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дар муассиса бинои нави таълим бунёд гардид, ки рӯзи 1-уми апрели соли 2023 бо ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва Сарвари давлат ба фароҳамсозии имкониятҳои васеи илму касбомӯзӣ баҳои баланд доданд. Бинои нави таълимӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат мебошад. Бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дорои 41 синфхона, толорҳои барҳавои лексионӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандон мебошад, ки бо мизу курсӣ, аёниятҳои таълимӣ ва таҷҳизоти муосир, аз қабили тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо муҷаҳҳаз карда шуда, барои таҳсили 2200 нафар донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади мутобиқ намудани раванди таълим ба меъёрҳои муосир дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд марказу озмоишгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, Озмоишгоҳи таълимӣ ва ташхиси фарматсевтӣ, озмоишгоҳҳои таълимии химия, биология, физика ва Маркази таълимии дандонсозӣ, ошхона бо 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраи техникӣ, бойгонӣ, анбор ва нуқтаи санитарӣ, синфхонаи компютерӣ бо 100 ҷойи нишаст, толори барҳавои маҷлисӣ бо 300 ҷойи нишаст таъсис дода шуд. Марказу озмоишгоҳҳои мазкур ва синфхонаҳои фаннии коллеҷ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва аёниятҳои таълимию таҷрибавӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд, ки имрӯзҳо донишҷӯён дар раванди таълим аз онҳо истифода бурда, малакаву маҳорати худро такмил медиҳанд. Ташкили дурусти дарсҳои амалӣ имкон медиҳад, ки донишҷӯён бевосита бо ҷараёни кори ташхису табобат машғул гардида, нозукиҳои пешаи интихобкардаашонро омӯзанд.

— Зимни ташриф ва суҳбати самимии худ бо омӯзгорони муассисаи таълимӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарбияи мутахассисони баландихтисос ва донандагони забонҳои хориҷӣ супоришҳои мушаххас доданд. Барои амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷомеаи меҳнатии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд меҳнат намуда, омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси ҷавобгӯ ба талаботро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобанд. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят имкониятҳо барои таълиму тарбия дар сатҳи зарурӣ фароҳам шуда, пеш аз ҳама кӯшиш менамоем, ки эҳтиёҷоти муассисаҳои соҳаи тандурустиро ба кадрҳои миёнаи тиб қонеъ созем,- иброз медорад директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Алимат Мавлонзода.

Ба таъкиди директори муассиса, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо тамоми муассисаҳои тиббии вилоят ҳамкории хуб дошта, донишҷӯён аз беморхонаҳои гуногуни вилоят, аз ҷумла Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд, Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоят, Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо, беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо мунтазам боздид карда, бо рафти ташхис ва табобати беморон, тарзи муносибат бо бемор, раванди табобат, доругузаронӣ, коргузорӣ мустақиман ошно мешаванд. Ҳамзамон курсҳои болоӣ дар муассисаҳои тиббии вилоят зери роҳбарии табибони соҳибтаҷриба ва ҳамширагони шафқат таҷрибаомӯзӣ намуда, нозукиҳоро азхуд менамоянд.

— Ҳадафи давлат пеш аз ҳама таъмини солимии ҷомеа аст ва барои ин дар навбати аввал мутахассис зарур мебошад. Мо то андозае дар ин амри муҳим саҳм гузошта, ба тарбияи дурусти кадрҳои миёнаи тиббӣ таваҷҷуҳи хоса медиҳем. Фаъолияти имрӯзаи муассисаи касбӣ нишон медиҳад, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои нек қадамҳои устувор гузошта шуда, имкониятҳои аз ҷониби давлат фароҳамшуда пурсамар истифода гардида истодаанд,- илова намуд директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва афзуд, ки барои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздидашон аз коллеҷ баён дошта буданд, корбарӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *