Кор. Бахт ба рӯйи танбал намехандад…

Кор моро аз се чизи бузурги бад халос мекунад: дилтангӣ, камбудӣ ва бенавоӣ.

Ф. Т. Волтер

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро буҳрони иқтисодӣ фаро гирифта ва маълум нест, ки ин вазъият то кай идома меёбад. Мардуми сайёра дар интизори хуб шудани ин вазъияти душвор ҳастанд.

Ба андешаи мо, дар ин лаҳзаҳо мунтазир нишастан ҷуз зарба задан ба буҷаи оила таъсири дигаре надорад. Бояд аз ҷой бархосту бо кӯшишҳои хастагинопазир кор карда, дар фикри пайдо кардани бурдаи ноне барои худу азизон шуд. Агар ҷуз ин амал кунем, моро чӣ рӯзҳое интизор аст, онро хуб медонем…

Ҳоло шояд баробари хондани ин сатрҳо иддае мегӯянд, ки ”Кор нест. Чӣ гуна ва дар куҷо кор кунем…?”. Хуб дарк мекунам, ки вазъият мушкил асту кор пайдо кардан аз он ҳам мушкилтар. Аммо кор дар саҳрову садҳо макони дигар ҳаст, ки мо ба ҷойи гӯшанишинӣ онро карда метавонем-ку! Пас, баҳонае лозим несту фақат муборизаи беамон бурдан лозим бо “ҷаноби зиндагӣ”.

“Бе заҳмат, ҳатто, асал ҳам намехӯранд”, “Бе заҳмат комёбӣ ҳам нест” ва “Аз мӯрча ҳам ибрат гир”,- гуфтаанд бузургон. Ҳар нафаре, ки дорои фаҳмиши баланд асту масъулияти хонаводаеро ба зимма дорад, баробари хондани ин сатрҳо бо нерӯи қавиву руҳияи шикастанопазир аз рӯйи он амал мекунад. Ӯ ҳеҷ гоҳ ноумед намешавад, зеро медонад, ки шаб чӣ қадар дилгиркунандаву сарду дароз бошад, субҳ низ дораду ӯ ин ҳама азобро ба хотири азизонаш таҳаммул мекунад…

Донишманди барҷаста Конфутсий гуфта: “Метавон тамоми умр торикиро нафрин хонд, инчунин, метавон шамъи кӯчаке афрӯхт”.

Ҳаргиз, дар ҳеҷ замон набояд аз по афтоданамонро ба дигаре нишон диҳем. Зиндагӣ монанди имтиҳон аст, ки агар аз он боре афтодӣ, танҳо худат метавонӣ интихоб кунӣ, ки боз идома медиҳӣ ё на.

Оре, интихоби фардо дар дасти мост ва танҳо барои хушбахтӣ бояд талош кард, зеро ба гуфтаи Софокл: “Бахт ба рӯйи танбал намехандад…”.

Доро СУҲРОБӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *