Артиши миллӣ

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ қадрдонӣ шуданд

Бахшида ба 30-солагии Артиши миллӣ дар Қасри миллат маросими тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд.

Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, табрику таҳният гуфт.

Ба таъқиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат хизмати содиқона ва матонату ҷасорати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, қонунияту тартибот ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳамеша қадршиносӣ мекунанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гуруҳ хизматчиёни низомӣ аз Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти милӣ ва Вазорати адлия рутбаҳои олии ҳарбии генерал-майор ва рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия дода шуд. Инчунин, як гуруҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени “Спитамен дараҷаи I”, ордени “Спитамен дараҷаи II”, ордени “Шараф дараҷаи II”, медали “Ҷасорат”, медали “Хизмати шоиста”, медали “Марзбони шуҷои Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охири маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат низ вазифаи бошарафу муқаддаси худро бо садоқат ба Ватан, давлат, миллат ва савганди ҳарбии худ, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо руҳияи баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *