Кормандони Хадамоти иҷро соҳиби иди касбӣ шуданд

Кормандони Хадамоти иҷро, ки вазифаи иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои дигар мақомоти давлатиро назорат мекунанд, соҳиби иди касбӣ шуданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти парлумони кишвар, дар моддаи 2-и Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” 5-уми апрел ҳамчун иди касбии кормандони хадамоти иҷро илова карда шудааст.

Акнун аз 5-уми апрели соли 2023 сар карда, ҳамасола дар кишвар 5-уми апрел Рӯзи кормандони Хадамоти иҷро таҷлил карда мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.