Подполковник Ҳабибов ҳам аз мо рафт
Подполковник Маъруф Ҳабибов, собиқ сардори Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофия ё ДОСААФ дар шаҳри Панҷакент, бо аломатҳои бемории “вируси корона” дар синни 52 солагӣ аз олам даргузашт
Манбаъ аз Бемористони марказии Панҷакент, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Ҳабибов ҳанӯз рӯзи 24 июн бо нишонаҳои бемории коронавирус дар Шифохонаи бемориҳои сироятии шаҳр бистарӣ буд, вале дирӯз 6 июл ҷон ба Ҳақ таслим намуд.
“Давоми 10 рӯз зери оксигенератор қарор дошт. Хуруҷи бемориҳои ҳамрадиф аз ҷумла фишорбаландӣ, фарбеҳии дараҷаи 2 ва бемории ишимявии дил ба кори табобат таъсири манфӣ гузошт ва ниҳояд дирӯз рӯзашон буд шуду аз олам даргузаштанд”, – гуфт манбаъ.
Ҳабибов Маъруф Ашӯрбоевич, 24 ноябри соли 1969 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Аз моҳи сентябри соли 2006 роҳбари ТҶ ММ ё ДОСААФ дар шаҳри Панҷакент таъйин шуда, то оғози соли 2021 ҳудуди 15 сол дар ин мақом кор карда аз рутбаи лейтенант ба дараҷаи подполковникӣ расидааст.
Ба маҳзи меҳнати ҳалол, Ҳабибов бо чандин ҷоиза ва сипосномаҳо аз ҷумла 15 ва 20 – солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Ҷанозаи Маъруф Ҳабибов, соати 7 и субҳи имрӯз дар қабристони маъруф ба “Сарманзил”и шаҳри Панҷакент бо иштироки ҳамкорон ва хешу пайвандон ба хок супорида шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ