Кумак ба 55 оилаи ҳимоятгарони ватан дар Файзобод (аудио)

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ба оилаҳои 55 нафар ихтиёрие, ки барои ҳимояи ватан ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия рафта буданд, кумаки яквақта расонида шуд.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Файзобод, дар рафти расонидани кумаки мазкур раиси ноҳия Бобишо Холзода, муовини аввали раиси ноҳия Ҷаҳонбек Амонализода ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.

— Ҳамчунин, раиси ноҳия ба падарону модарон ва хонаводаи онҳо барои фарзандони ватандӯсту муҳофизи Ватан тарбия намудан изҳори сипос намуд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.