Кумаки Тоҷикистон ба зарардидагони зилзилаи Сурия
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Ҷумҳурии Арабии Сурия кумаки башардӯстона фиристода шудааст.
Гуфта мешавад, ки кумаки башардӯстона аз маводи зарурии хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва оби нӯшокӣ иборат мебошад.
Дар баробари ин ба, мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Сурия либосу пойафзоли зимистона, кӯрпаю болишт, кати хоб, хаймаҳо, ҷиҳози хоб, рӯйпӯшҳо, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ дастрас карда шудааст.
Ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Ҷумҳурии Арабии Сурия 50 тоннаро ташкил додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ