Кумитаи дин: Нархи ниҳоии Ҳаҷ барои имсол муайян нашудааст
Нархи ниҳоии Ҳаҷ барои имсол муайян нашудааст ва шояд нисбат ба соли гузашта поён равад.
Ин нукта имрӯз, 3-юми феврал дар нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси ин ниҳод Сулаймон Давлатзода зикр гардид.
— Дар соли 2022 аз ҷониби кишвари мизбони Ҳаҷ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 3562 адад квотаи Ҳаҷ ҷудо шуд. Кумита тибқи тартиб корҳои омодагиро ба мавсими Ҳаҷ оғоз намуда, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими соли равонро 60 ҳазору 520 сомонӣ муайян намуд,- гуфта шуд дар нишаст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ