Лагер барои пулдорон. Хонандагон дар куҷо истироҳат мекунанд?

Ҳар як падару модар орзу доранд, ки бо анҷом ёфтани соли таҳсил дар мавсими тобистон фарзандашонро ба лагерҳои фароғатӣ фиристанд, вале аз суҳбат бо аксари сокинони кишвар маълумамон шуд, ки на ҳама чунин имконро доранд.

Мушкилии Гулнигор

Гулнигор сокини шаҳри Душанбе аст. Имрӯзҳо, баъди анҷоми дарсҳои писараш, ба ташвиш афтодааст. Мегӯяд, ки имкон надорад кӯдаконашро ба лагер фиристад.

“3 моҳи таътили тобистон фаро мерасад, дар ин гармои тоқатфарсо мехоҳам кӯдакам каме истироҳат кунад. Ба ягон лагери истироҳатӣ диҳам гуфта, хеле ҷустуҷӯ кардам, вале мебинам, ки маблағаш хеле гарон аст”,- мегӯяд номбурда.

Мисли Гулнигор даҳҳо волидайн мехоҳанд, ки фарзандашонро ба лагери истироҳатӣ диҳанд, вале имкон надоранд.

Шуруъ аз 1-уми июни соли равон кулли лагерҳои пойтахт барои хонандагон қабулро оғоз мекунанд. Имсол фарогирии хонандагон ба лагерҳои истироҳатӣ чӣ гуна аст? Дар ин самт идораҳои дахлдор чӣ корҳоро ба анҷом расониданд? Мо ин мавзӯро пайгирӣ намудем…

10 ҳазор нафар ба истироҳати ройгон мераванд

Феълан дар ҷумҳурӣ наздики 3 ҳазор лагеру истироҳатгоҳҳои мавсимӣ барои кӯдакон фаъолият мекунанд.

Шуруъ аз 14-уми июн то 9-уми августи соли равон 10 ҳазору 352 нафар кӯдакону наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.

Асомиддин Бобозода, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфтааст, ки аз ин шумора 4 ҳазору 192 кӯдак аз 37 мактаби пойтахт ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии “Зимчурӯд”, “Гулхан”, “Шарора” ва “Орзу” дар ноҳияи Варзоб мераванд. Масъули раёсати муссисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе дар суҳбат ба “Тоҷикистон” гуфт, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 54 лагерҳои истироҳатии берун аз шаҳр фаъолият мекунанд.

Барои 10 рӯз 1200 сомонӣ

Мо баҳри муқоиса бо чанд лагери ҷумҳурӣ дар тамос шуда, нарх ва шароити будубоши онҳоро фаҳмидем. Маълум шуд, ки лагерҳои “Фантазия”, “Шоҳин”, “Мадагаскар”, “Уқобча”, “Парвоз”, ки ҳамаи шароитро барои қабули мактаббачагон доранд, бар ивази хизматрасониашон аз 1200 то 2000 сомонӣ барои як кӯдак маблағ талаб мекунанд.

“Шоҳин” яке аз лагерҳои машҳури хусусӣ барои мактаббачагон аст. Ин лагер барои кӯдакони аз синни 7 то 14-сола пешбинӣ шудааст. Тибқи иттилои масъулини ин лагер, шуруъ аз 16-уми июн қабули хонандагон оғоз мегардад. То моҳи сентябр, яъне то оғоз шудани дарсҳо дар 5 баст метавонад хонандагонро қабул кунад. Нархи 10 рӯзи истироҳат дар ин лагер барои як нафар 1200 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Лагери “Уқобча”, ки дар вилояти Суғд яке аз номдортаринҳост, нархи нисбатан арзонтар дорад. Барои 10 рӯзи истироҳати як нафар дар ин лагер 700 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Аксари волидайн мегӯянд, ки онҳо имкони фиристодани фарзандонашонро ба фароғатгоҳҳо надоранд.

“4 фарзанд дорам. 10 ҳазор сомонӣ лозим аст, ки онҳоро ба лагер фиристам. Албатта, чунин имконро надорам. Бинобар ин, беҳтар аст, ки фарзандонам дар хона бошанд”,- мегӯяд Маъруф, як сокини шаҳри Душанбе.

Сарварой бошад, тобистон фарзандонашро ба деҳа мефиристад: “Дар назди бибиву бобояшон истироҳат кунанд, дилам пур аст. Маблағи лагерро ба бобояш мефиристем, чизҳои нағз гирифта медиҳанд. Обу ҳавои деҳа тоза, меваву сабзавоти тару тоза барои кӯдаконамон фоида дорад”.

Шумо фарзандонатонро ба куҷо мефиристед ва барои истироҳати онҳо аз буҷети оилаатон чанд сомонӣ ҷудо кардаед?

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА, “Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.