Лайло Сароҳат Рӯшанӣ — Афғонистон

 Замҳарир  

Он сурхи ҷорӣ дар рагам шӯри шароби ноб шуд,

Чашмони монда ба раҳам, бори дигар дар хоб шуд.

Лайло чӣ афтодат ба сар, ки ногаҳону бехабар,

Гулҳои сурхи оризат нилуфари толоб шуд.

Гунҷишк оҳ аз синаат парпарзанон парвоз кард,

Дил қатра қатра қатра бар рухсори сардат об шуд.

Лайло касе дар мезанад бедӣ, ки меларзӣ магар?

Бархезу дар бикшо чаро оинаат симоб шуд.

Инак баҳорат мерасад тобу қарорат мерасад,

Бардидагонат шаб зада, хуршеди оламтоб шуд.

Он ёр омад пас чаро сармо шигифташ дар нигаҳ,

Дарёи ҷонам, эй худо, гирдоб шуд, гирдоб шуд.

Он сурхи ҷорӣ дар рагон селобвора ногаҳон,

Занҷирии девонае бетоб шуд, бетоб шуд.

Он шуълаи дарди ниҳон бишкуфт аз чашми тарам,

Гулҳои сурхи боварам хуноб шуд, хуноб шуд.

Ҷонам харобу хастааст дарёи чашмам бастааст,

Моҳии сурхи синаам гумгаштаи мурдоб шуд.

Он сурхи ҷорӣ дар рагам шӯри шароби ноб шуд,

Чашмони монда бар раҳам бори дигар дар хоб шуд.

***

 Эй бод

Лайле чаро беқарорӣ аз ишқи безор монда,

Бетобии ҳар ситора дар чашмат бедор монда.

Ин боғи ин бенишона вайрону бе ёр монда,

Хунаш фисурда ба рагҳо хаставу бемор монда.

Қомати шикастаи дарахтон бе сиккаи баргу борӣ.

Ларзону ларзону ларзон бо дарду озор монда.

Гунҷишкҳо хӯрду хаста овораву паршикаста,

Вайрон шуда ошёнашон в-аз он хасу хор монда.

Симфонии бодҳоро сармои дай менавозад,

На пойкӯбии борон, на нағмаи сор монда.

Эй бод, эй бод, эй бод бунёнгари ҳар чӣ бидод,

Дастонат бодо шикаста боғ аз ту бебор монда.

Лайло наёбӣ қароре танпӯш аз шуъла дорӣ,

Бетобии ҳар ситора дар чашмат бедор монда.

То боғи ин боғ хуфта дар зери овору оташ,

Бо захмҳои фаровон бе як парастор монда.

***

Бедареғ  

Чун мавҷи шати ишқ чӣ бетоб омадӣ,

Бо ояҳои нури саҳартоб омадӣ.

Дар чашмҳо шукуфаи нози баҳори ишқ,

Дар дастҳот сураи маҳтоб омадӣ.

Дар синаат талотуми як баҳри беқарор,

Дар ҳар нигаҳ дусад ғазали ноб омадӣ.

Ман саргарони бодам ба кавири аташ раҳо,

Ту бе риё чу замзамаи об омадӣ.

Садҳо шукуфа бар танам аз бӯса рехтӣ,

Аз ҷилгаҳои сабз чу сероб омадӣ.

Сармо дамида буд ба рагҳои боварам,

Хуршедро талиъаи шодоб омадӣ.

Борони субҳгоҳи баҳорӣ, ки бе дареғ,

Бар хушкзори шаҳри шабу хоб омадӣ.

لیلا صراحت روشنی — افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *