барқ

Лимит баргашт? Сокинон аз маҳдудияти барқ хабар медиҳанд

Ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз саросари кишвар сокинон занг зада, аз оғози маҳдудияти барқ хабар медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки бо супориши Президенти мамлакат дар рӯзҳои сардӣ лимит дар кишвар бекор шуда буд. 

Маҳаллаи Турдиев дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳафткилометрии шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ба гуфтаи сокинонаш, аз рӯзи 20-уми январ ба ин сӯ дар шабонарӯз ҳафт соат аз барқ маҳруманд. Аз соати 10-и шаб то 5-и субҳ. Аз шаҳри Панҷакент низ сокинон аз дигарбора ҷорӣ шудани маҳдудияти барқ хабар медиҳанд.

Ширкати “Барқи тоҷик”, Шабакаҳои интиқол ва Шабакаи тақсими барқ дар бораи дубора ҷорӣ шудани «лимит» дар кишвар расман чизе нагуфтаанд.  

Дар ҳамин ҳол, ширкати «Шабакаҳои барқи минтақавӣ»-и Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки воридоти нерӯи барқро аз Тоҷикистон ба вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон зиёд кардаанд. “Барқи тоҷик” дар ин авохир қарордод дар бораи идомаи интиқоли барқро ба Афғонистон имзо кард. 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.