COVID-19 Қурбоналӣ Абдуллоевро ба марг расонд

Қурбоналӣ Абдуллоев, сарояндаи шинохтаи тоҷик баъди ду моҳи мубориза бо бемории COVID-19 шоми имрӯз, 11 январ аз олам даргузашт.

Қурбоналӣ Абдуллоев, сарояндаи саршиноси тоҷик ду моҳ инҷониб аз бемории коронавирус ранҷ мебурд  ва дар бемористони сироятӣ, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт табобат мегирифт.

Қурбоналӣ Абдуллоев хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Қурбоналиро дар байни мардум бо сурудҳои: «Занги телефон», «Алвидоъ», «Қишлоқаки ман», «Модар», «Куҷо меравӣ азизам» ва «Хаёли хом», ки бо сароянда Лола Азизова месарояд, мешиносанд.

Ҳунарманди маҳбуб солҳои дароз дар ансабли «Дарё» фаъолият мекард ва баҳори соли гузашта аз саҳна канор рафт.

Моҳи 12 майи соли гузашта Қурбоналӣ Абдуллоев дар саҳифаи фейсбукиаш аз хотимаи фаъолияти ҳунарӣ ва тарки саҳнаи тоҷик  карданаш хабар дода буд: “Бисмиллоҳир — раҳмонир — раҳим. Имруз, 12 майи соли 2020, банда ба қароре омадам, ки саҳнаи калон ва ҳунари овозхониро тарк намоям. Қарорам қатъист. Аз ҳамаи азизону ҳамкасбон ва мухлисон ташаккур мекунам. Дар ин муддати умр аз нафароне, ки озорашон додам, бисёр узр металабам…”.

Қурбоналӣ Абдуллоев соҳиби 5 фарзанд: 1 писару 4 духтар буд. Наздикони марҳум ба Pressa.tj хабар доданд, ки маросими ба хок супоридани Қурбоналӣ Абдуллоев пагоҳ, 12 январ дар деҳаи Купрукбошии ҷамоати деҳоти Гулрези шаҳри Ваҳдат баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *