«Лото Спорт” бозингари навбатиашро соҳиби хона кард

Сафо Раҳматов аз ноҳияи Айнӣ 150 000 сомонӣ ҷоизаи асосии лотореяи «Пули калон-2”-и ширкати «Лото Спорт”-ро ба даст овардааст. Сафо мегӯяд, ки ба ин пул дар Душанбе хона мехарад.

Ширкати «Лото Спорт” дар ҷараёни консерти овозхони шинохта Валиҷон Азизов расми тақдими ҷоизаи асосии лотореяи «Большие деньги-2” («Пули калон-2”)-ро эълон кард. 150 000 сомонӣ ҷоизаи асосии ин лоторея, ки барои бори 35-ум дода мешавад, ин навбат насиби Сафо Раҳматови 23-сола, зодаи деҳаи Путхини ноҳияи Айнии вилояти Суғд шудааст.

Манижа Аҳмадова, менеҷери ширкати «Лото Спорт” дар саҳифааш дар Фейсбук гуфт, Сафо Раҳматов ин лотереяи барояш иқболоварро субҳ, дар роҳ ба ҷои кораш харидааст.

Сафо Раҳматов, хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саидмӯъмин Раҳимов ҳамагӣ як моҳ қабл аз хидмати аскарӣ ҷавоб шуда, дар дӯкони бародараш дар бозори «Султони Кабир” кор мекунад.

Сафо Раҳматов дар маросими тақдими ҷоизаи асосии «Пули калон-2” гуфт, ин пулро барои амалӣ сохтани орзуи асосиаш – харидани хона дар пойтахт сарф хоҳад кард.

Менеҷери ширкати «Лото Спорт” Манижа Аҳмадова гуфт, азбаски аксари барандагони ҷоизаи асосии ин лотерея ин пулро барои харидани хона истифода мебаранд, «Лото Спорт” ба қароре омадааст, ки дар нашри навбатии лотореяи «Пули калон” ҳамчун ҷоизаи асосӣ манзил дар Душанберо бигузорад. Фурӯши ин лотереяҳо аз аввали соли 2017 оғоз хоҳад ёфт.

Пирӯзии Сафо Раҳматов дар лотереяи «Пули калон” дар ҳолест ки назарҳо дар ҷомиаи Тоҷикистон ба худи ин тиҷорат хеле мухталиф аст.

Тарафдорони лотерея мегӯянд, ки санҷидани бахти худ дар лотерея барои онҳое, ки роҳу воситаи дигари беҳбуди зиндагии худро пайдо карда натавонистаанд ва ҳам барои онҳое, ки зиндагиашон танҳо бо маош мегузарад, василаи бад нест, чунки дар сурати омад кардани кораш барандаи лотерея метавонад ягон мушкили умдаи рӯзгорашро ҳал кунад.

Аммо мунтақидон мегӯянд, дар ҳоле ки чанд нафари ангуштшумор гӯё чизе дар лотерея мебаранд, ҳазорон нафари дигар пасандозҳои бе он ҳам ночизи худро ба умеди ин ки ягон рӯз бахти онҳо ҳам хоҳад хандид, дар лотерея ва шаклҳои дигари қимор аз даст медиҳанд.

Онҳое ҳам зиёданд, ки ба боварашон, ҳамаи лотереяҳо қаллобианд ва натиҷаҳояш ҳатман дасткорӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *