Лукашенко: Тоҷикистонро бояд барои пайвастан ба ИИАО мутмаин сохт

Президенти Беларус Александр Лукашенко дар ҷараёни мулоқот бо сарони ҳайатҳои ҳукумати кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар шаҳри Минск баргузор шуд, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳанӯз омода нест, ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) шомил гардад.

“Ман мефаҳмам, ки Тоҷикистон ҳанӯз барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё омода нест. Михаил Владимирович Мишустин, мо бояд ҳамтои худро ба навъе мутақоид кунем, то ин раванд суръат бигирад”, – таъкид намуд Лукашенко.

Инчунин, Президенти Беларус изҳор дошт, ки барои мустаҳкам кардани ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ дар минтақа, зарур аст бо кишварҳои узв гуфтугӯҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолтар анҷом дода шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *