Мӯсозода хутбаро тоҷикӣ карданист

Мусаллам аст, ки дар дини мубини ислом дар радифи дигар аркону фарзу суннатҳои намоз хондани хутба мавқеи хосса дорад.

Хутба ҳар ҳафта як маротиба ҳини баргузории намози ҷумъа, соле ду маротибаи дигар яке дар намози иди Рамазон ва дигаре дар намози иди Қурбон хонда мешавад. Дар намозҳои идайн ва ҷумъа хондани хутба шарт мебошад.Аммо миқдори он чуноне ки дар фатвоҳои мазҳаби Ҳанафӣ омадааст, (ҳадди ақали он) камтарини он «Алҳамду лиллоҳ» мебошад. Аслан маънои хутба каломест, ки аз минбари масҷид аз ҷониби хатиб ҷиҳати ситоиши Худо, наъти Пайғамбар, шукргузорӣ аз замона ва ҷонибдорӣ аз соҳибони фармон арза карда мешавад.Дар тамоми масҷидҳои олам хутба бо забони маҳаллии халқу миллатҳо хонда мешавад, ки он аз чанд ҷиҳат афзал аст.Аввал ин ки зимни бо забони халқи таҳҷоӣ ба ҷо овардани хутба ҳикмати он ба аҳли намозгузорон мустақим расонида мешавад;Дуюм, аҳли намозгузор аз ҳикмати намози ҷумъа огоҳ шуда, шукргузорӣ аз Офаридгор ва давлати хешро дуруст арза менамоянд; Сеюм, хутба ба ваҳдати мардуми намозгузор атрофи арзишҳои исломӣ ва миллӣ муосидат менамояд;Чорум, намози ҷумъа ба худшиносии миллӣ ва динии мардуми мусулмон мусоидат менамояд ва ниҳоят панҷум, ислом ба ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат карда, гуногунфарҳангии динӣ ва мазҳабиро роҳандозӣ намуда, ба таҳаммулпазирии дини мубини ислом неруи тоза мебахшад. Чунонки ба ҳамагон маълум аст, то имрӯз дар минбарҳои масҷидҳои Тоҷикистон аввал мавъиза бо забони тоҷикӣ ва хутба бо забони арабӣ хонда мешавад, ки маънои онро намозхонон намефаҳманд. Замоне, ки Имоми Аъзам, пири мазҳаби мо нияти намозро бо забони тоҷикӣ карду фаҳмондани аҳкоми шаръӣ ва фиқҳи исломиро ба забони модарии мо роиҷ донист, тайи беш аз ҳазор сол мардуми ғайриараби мусулмон мафҳуми нияти намозро дарк кардаю нокарда, бо забони тоҷикӣ мехонданд. Ин ҳам обрӯи ислом ва ҳам обрӯи миллати мо буд. Вале имрӯз чӣ шудааст, ки миллатҳои дигар аҳкоми намозу шариатро то хутбаи никоҳ бо забони хеш гардондаанду мо, тоҷикон, миллати решабатаърихи фарҳангӣ ҳанӯз ҳам бо забони арабӣ онро қироат мекунем, ки на ҳама ҳамватанони мо мазмун ва мӯҳтавои онро дарк менамоянд. Ин ҳолат ҳам ба зарари дини мубини ислом ҳасту ҳам ба зарари ваҳдати мардуми мусулмон. Ва гузашта аз он, ин ҳолат мо, аҳли мардуми диндор ва онҳоеро, ки даъвии сифати уламоӣ доранд, назди арвоҳи ниёгони донишмандамон сархам менамояд. Бо дарки эҳсоси масъулият назди бузургони гузаштаю имрӯзи миллат, бо арзи эҳтиром ба хизмати созанда ва эҷодкоронаи Пешвои муҳтарами миллат, ки дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ намудаанд, бо дарки шараф ва эҳсоси виҷдони шахсӣ ва вазифаи муқаддаси масъули соҳаи дин буданам зарур ва ҳатмӣ медонам, ки ҳар нуктаю ҳар таъкидоти имониам мутобиқ ба талаботи қуръонӣ ва каломи раббонӣ ба қалби мардуми мусулмон ҳамчун марҳами ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ ва соҳибихтиёрии халқу кишварам бояд хизмат намоянд. Барои расидан ба ин нуктаҳои неки созандаи миллат омили асосӣ- ин бо забони фаҳмо ба оммаи мардум расонидани ин ниятҳои бунёдкорона аст. Маҳз бо инобати пасманзари ҳамин ниятҳои накӯ ҳамчун масъули соҳаи дини вилоят зарур мешуморам, ки хутбаи намозҳои ҷумъа ва идайн бо забони ноби тоҷикӣ хонда шаванд.Тавассути ин амал мо метавонем ба намозгузорон, умуман ба мардуми кишвар ҳақиқатро бо забони аслии худ баён намоем.Тоҷикӣ хондани хутба ба баланд бардоштани худшиносии миллӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам меорад, то шунавандаи он аз асл бохабар бошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *