Маҳмадсаид ЗУВАЙДЗОДА, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ

Зиндагинома. Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд 2-юми марти соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Аз соли 1987 то соли 1989 дар сафи Артиши шӯравӣ адои хизмат намудааст. Соли 1989 ба Техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1991 бо ихтисоси техники бинокор хатм намудааст. Соли 1999 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2011 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1991 дар Раёсати сохтмонии «Монолит-2»-и ҶСК «Монолитстрой» дар вазифаҳои усто, муҳандис оид ба таъминот, саркор, сармуҳандис ва сардори ҳамин корхона давом додааст.

Моҳи сентябри соли 2006 ба вазифаи Директори ҶСК «Монолитстрой», (аз моҳи январи соли 2007 номи ҶСК «Монолитстрой» ба ҶСК «Сомон-Тоҷиксохтмон» иваз карда шуд) таъин шуда, то моҳи январи соли 2009 кор кардааст.

Аз 16-уми январи соли 2009 ба вазифаи Директори генералии ҶСК «Тоҷиксемент» таъин шуда, то соли 2013 фаъолият намудааст.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2013 Директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, то соли 2017 фаъолият намудааст.

Аз 12-уми январи соли 2017 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе таъин шудааст.

Аз 18-уми ноябри соли 2020 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Қадршиносӣ. Бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.