Маҳдӣ Каррубӣ ҷарроҳии қалб шуд

Фарзанди Маҳдӣ Каррубӣ мегӯяд, падараш ҷарроҳии қалб шудааст ва амалиёти ҷарроҳии вай муваффақиятомез будааст. Сайти «Калима» наздик ба Мирҳусайн Мусавӣ рӯзи чаҳоршанбеи 26-уми июл ба нақл аз Ҳусейн Каррубӣ, дар бораи ҷарроҳии қалби ин раҳбари муътаризони эронӣ хабар дод. Маҳдӣ Каррубии 79-сола рӯзи душанбе бинобар поин будани зарбаҳои қалб, ба бемористон интиқол ёфт.

Ҳамзамон сайти «Калима» аз номусоид будани вазъи ҷисмонии Мирҳусейни Мусавӣ хабар додааст. Духтарони оқои Мусавӣ ба ин манбаъ гуфтаанд, падари 75-солаи онҳо аз фишорбаландӣ, ранҷ мебарад.

Маҳдӣ Каррубӣ ва Мирҳусейн Мусавӣ аз раҳбарони эътирозҳои соли 2009 ҳамроҳ бо Заҳро Раҳнавард — ҳамсари оқои Мусавӣ, аз зимистони соли 2010 то ба ҳол дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд. Созмони Гузоришгарони бидуни марз рӯзи чаҳоршанбе зимни интиқод аз идомаи ҳабсии хонагии ин се тан, аз ҳукумати Эрон хост то ҳабси хонагии онҳо хотима дода шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *