Маҳсо Маҷдар (Лангрўдӣ) — Эрон

Беном  

Хӯшаҳои биринҷ,

Чӣ  сарбаланд берун омаданд.

Ҳоло,

Дар миёни шолизори тафтида,

Хотироти ман аст,

Ки зинда-зинда месӯзад.

***

 Шубон  

Ишқамро,

Ба саҳро афкандаам!

Шубон, кистӣ,

Мӯсо?

***

Шаҳвати як бӯсаи номалмус

Ҳама чиз дар нигоҳи ту буд!

Ёдгори дарди аъсор ва

Сукути гунги қуруне дар ғубор.

Ва инсоне аз ҷинси эътимод,

Суратгаре, ки таърихи ранҷро,

Пайкарае  месохт.

Бар пешонии ҳазораҳои бостони худоёне,

Аз сангу чӯбу филиз.

Худоёни тиҳидасту парастишгар,

Дӯшизагони симинтанро,

Дар кӯшкҳои мармарин,

Хоҳони он ҷанги нохостаам,

Арӯси сад ҳазор порча хун.

Хуни сурхи ишқ,

Дар сукути эъҷоби ҳарамсаро,

Ва пирӯзии шукӯҳманди ҷангҳои ҳеҷ.

Ҷангҳои ҳеҷи пай дар пай,

Пирӯзии маҳзи сипаҳсолори баландгесу,

Бар анбӯҳи сипоҳи шаҳват.

Шаҳвати як бӯсаи номалмуси номунтазир,

Шаҳвати як бӯса бар сарангуштони нигоҳ,

Ҳама чиз дар нигоҳи ту буд…!

مهسا مجدر (لنگرودی) — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *