Магар 75 дарра задани зан аз рӯи инсоф аст?
Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он гардид, ки бо омадани толибон ба Афғонистон қатлу ғорат ва зулму тааддӣ нисбат ба аҳолии осоишта афзуд. Бахусус, ин золимони даҳр нисбат ба зан модар ҷазоҳои бераҳмонаи чашмнодиду гӯшношунидро раво медоранд. Магар занеро, ки шавҳарашро куштаанду ба ҷурми он, ки барои дарёфти қути лоямути фарзандонаш танҳо ба кӯча баромадааст, дар байни як тӯда ваҳшитинатон ҳафтоду панҷ дарра задан аз рӯи инсоф аст!!! Ва ба ҳамин монанд амалҳои ваҳшиёнаву бераҳмонаро раво медоранд.Зимнан барои хонандаи азиз ривоятеро меорем, ки то кадом дараҷа Офаригор ба зан аҷр гузоштааст.
ЗАН ЧӢ ГУНА ОФАРИДА ШУД?
Дар асотири бостонӣ ривояте дар бораи чигунагии офариниши зан маҳфуз монд, ки он чи аз лиҳози балоғат ва чи аз ҷиҳати маонӣ аз тамоми он қиссаҳое, ки дар бораи зан ва табиати ӯ гуфта шудааст, волост ва дар мақоми баланд буда, посухгӯи ҳамаи пурсишҳои шумост.

Дар устура омада: «Офаридгор дар ибтидо олам, осмонҳо, замин ва тамоми мавҷудоти онро офарид, сипас мардро халқ фармуд. Ҳангоме ки хост занро биофарад, тааммул кард.
Сипас, аз моҳ сурат ва зебоиро, аз офтоб ишроқ ва тулӯашро, аз ситораҳо фурӯзонию чашмакзаниро, аз абрҳо ашкро, аз гулҳо рангро, аз шохаҳо алвонҷу тамоилро, аз ҳашиш ларзишро, аз насим лутфу навозишро, аз варақ сабукиро, аз наботот раъшаву ларзишро, аз амвоҷ мадду ҷазрро, аз оташ ҳароратро, аз барф сардиро, аз оҳу чашмонро, аз харгӯш тарсро, аз саг вафояшро, аз асал лаззатро, аз алмос салобатро, аз паланг хашму қувватро, аз тилло дурахшро, аз турна нифоқро, аз гунҷишк пургӯиро, аз булбул нағмасароиро, аз ғизол наззораро, аз хазандагон хазиданро, аз буқаламун талаввунро, аз мор ҳикматро, аз рӯбоҳ макрро, аз замон ғадру хиёнатро, аз кабӯтар падрудро, аз саъба ҳазёнро, аз шабнам рутубатро, аз бунафша бӯяшро, аз баҳор лабхандро баргирифт. Ин ҳамаро даромехта занро офарид ва пешкаши мард кард…
Баъди ҳашт рӯз мард ба назди Офаридгор омад ва гуфт:
-Худоё, он махлуқе, ки ба ман армуғон кардӣ, ҳаётамро ба азоб, хушбахтиамро ба бадбахтӣ, шодиамро ба ғам, умедамро ба яъс кашид… Ӯ ниҳоят пургӯй аст ва забонаш оромӣ надорад. Бе ҳеҷ сабаб гиря мекунад. Талаботаш ҳад надорад. Аз ҳар чӣ шикоят мекунад ва аз ҳама чӣ алам мекашад. Ва ба ғамхории доим муҳтоҷ аст…
Аз ин рӯ, омадам, ки ӯро ба ту баргардонам ва наметавонам, ки бо ӯ зиндагӣ кунам. Ӯро бигир ва маро аз ӯ раҳо бубахш…
Офаридгор тааммул намуд ва гуфт: Хайр…

Пас аз як ҳафта мард назди Офаридгор омад ва гуфт:
-Худоё, аз даме ки ман махлуқи ҳадякардаатро баргардондам, ҳаётамро беранг ёфтам. Ҳоло ба ёд меорам, ки чӣ сон чун ғизоли зебо дар наздам мерақсид ва чӣ гуна бароям бо садои чун булбул месуруд. Чӣ тавр бо ман бозӣ мекарду ба ман фараҳ меовард…
Маро ёд меояд, ки чӣ зайл ба ман лабханд мезаду нишотам мебахшид, қаҳқаҳ мезаду ғамхорам буд… Чӣ тавр дастонашро ба гарданам ҳалқа мекарду худро ба оғӯшам меафганд. Чӣ гуна дарду аламамро сабук месохт. Лаззати ҳаёт ва умеду орзуям буд.
Худоё, ӯро ба ман баргардон…
Офаридгор занро ба мард баргардонд.
Баъди се рӯз мард назди Офаридгор бо шикваву гиря омад ва гуфт:
-Худоё, ман ин махлуқатро ҳеҷ намефаҳмам. Гӯё асрори пӯшидаест, ки гушоишаш ғайриимкон аст. Ниҳоят ба хулосае омадам, ки ӯро ба ту баргардонам. Зеро ӯ шабеҳи шаробест, ки зиёнаш аз судаш фузун аст…
Офаридгор ба ӯ гуфт:
-Ба худ ой, эй мард ва дар амрат тадбир биҷӯй!

Мард гуфт:
-Худоё, ҳеҷ имконе вуҷуд надорад, ки бо ӯ зиндагӣ кунам.
Офаридгор посух дод:
-Ҳеҷ имконе надорӣ, ки бидуни ӯ зиндагӣ кунӣ ва ӯро тарк кард…
Мард бо яъсу алам фарёд кашид:
-Аз фироқаш наметавонам сабр намоям… ва рӯҳам наметавонад бо ӯ бисозад…
…Ҳамин аст зан дар рӯзгори мард…
Аз арабӣ тарҷумаи Мунаввари САФАР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ