Мишустин

Майли Русия ба ОМ. Аз сафари Мишустин ба Тоҷикистон то интизориҳо

Ҳафтаи гузашта Сарвазири Русия Михаил Мишустин бо як ҳайати бонуфуз ба Тоҷикистон сафар доштанд. Михаил Мишустинро дар ин сафар ду муовинаш, 7 вазир, 4 губернатор ва даҳҳо роҳбарони ширкатҳои тиҷоратӣ ҳамроҳӣ карданд. Таври маълум, ин аввалин сафари Михаил Мишустин пас аз таъин шудан ба мақоми Сарвазири Русия ба шаҳри Душанбе мебошад. 

Шарики стратегӣ

“Шарики асосии тиҷоратӣ” — ин ибораест, ки дар гуфтушуниди расмии ду кишвар борҳо таъкид мегардад. Ҳоло Русия дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон мавқеи пешсаф дорад. Дар соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар 23,7 дарсад афзоиш ёфта, ба 1 миллиарду 674 миллион доллар расидааст. Воқеан, ин рақами хеле назаррас аст. Дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Русия Михаил Мишустин низ масоили имконоти бузурги ҳарду кишвар ҷиҳати афзоиши тиҷорат ва якҷоя амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги сармоягузории барои ҷонибҳо судманд мавзуҳои меҳварӣ буданд. Аз ҷумла, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи гуманитарӣ баҳои баланд додааст. Ҳамзамон, барои густариши минбаъдаи робитаҳои амалӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шудааст.

Сарвазири Русия Михаил Мишустин бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Даъвати Мишустин аз Тоҷикистон

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё. Ин созмони иқтисодӣ ҳоло панҷ кишвар — Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Арманистонро ба ҳам овардааст. Ҳадаф аз таъсиси ин иттиҳод гардиши озоди молу маҳсулот, имтиёз ба муҳоҷирон ва дигар хизматрасониҳои манфиатбор барои кишварҳои аъзо мебошад. Аммо бо вуҷуди пойкӯбиҳои кишварҳои аъзои ин созмон, Тоҷикистон ба ин созмони иқтисодӣ шомил нашудааст. Намояндагони блоки иқтисодии кишвар ҳам мегӯянд, ки ҳоло дар раванди омӯзиш қарор дорем. Аммо Михаил Мишустин дар Душанбе ин масъаларо низ ба миён гузошт. Яъне, ҷониби Русия аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба механизмҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таваҷҷуҳ сурат гирад.  

Сарвазири Русия Михаил Мишустин бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода

Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар нишасти нуҳуми ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар Душанбе иброз дошт, ки ҳамкории наздик бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё метавонад барои кишвар имкониятҳои бештар фароҳам орад. Михаил Мишустин барои Тоҷикистон «имкониятҳои бемисл» ва ширкат «дар барномаҳои зарурӣ»-ро ваъда дод, вале мушаххас аз ягон имконият ва барномае ном набурд.

«Ҳамроҳи панҷ шарики дигарамон интиқоли озоди маҳсулот, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи кориро дар ҳудуди созмон таъмин менамоем”,- таъкид дошт Мишустин.

Мавқеи Михаил Мишустин дар мавриди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар ҳолест, ки баъзе аз кишварҳои узви ин созмон изҳори пушаймонӣ мекунанд. Масалан Қирғизистон дар сар фикри тарки ин созмонро дорад, зеро, бинобар сабаби пеш омадани мушкилоти иқтисодию сиёсӣ бо Қазоқистон, қоидаҳои созмон дуруст иҷро намешаванд. Дар ин маврид борҳо намояндагони кишвари Қирғизистон ва коршиносони масоили иқтисодиаш аз шеваи фаъолияти созмон ва бурду бохти он изҳори ташвиш намудаанд.

Аммо тарафдорони пайвастшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодӣ дар дохили кишвар кам нестанд. Бахусус, муҳоҷирон бовар доранд, ки дар сурати узвияти Тоҷикистон дар ин созмон шароити кору зиндагии онҳо дар Русия беҳтар мешавад.

Сарвазири Русия Михаил Мишустин бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ

Интизории Душанбе аз Маскав

Ба андешаи инҷониб, умуман музокироти сатҳи баланди ҷонибҳои Русияву Тоҷикистон, аз қабили вохӯриҳои Сарвазири Русия Михаил Мишустин бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, бастаи шартномаҳои ҳамкорӣ, ҳамоиши муштараки соҳибкорон далолат аз мустаҳкам гардидани равобити ду кишвар медиҳад. Махсусан, дар соҳаҳои иқтисод ва илму маориф, ки айни замон натиҷаҳо назаррасанд. Аллакай чандин лоиҳаҳои бузург, аз ҷумла бунёд кардану ба истифода додани НБО-и “Сангтӯда-1”, инчунин ба истифода додани 5 мактаби замонавӣ бо тамоми шароити таълим дар Тоҷикистон аз иқдомҳои калидии Русия мебошанд. Албатта, дар инҷо манфиат низ дар мадди аввал меистад. Нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” пас аз НБО-и “Норак” ва НБО-и “Роғун” аз нигоҳи тавлиди барқ дар ҷойи сеюм меистад. Он ҳанӯз соли 2008 мавриди истифода қарор гирифтааст, ки 75 фоизи даромадро ҷониби Русия ва ҳамагӣ 25 фоизро Тоҷикистон мегирад. 

Таври маълум, ҳоло дар Тоҷикистон тадбиқи 5-солаи рушди саноат барои солҳои 2022-2026 идома дорад. Тоҷикистон талош дорад, ки ин барномаи бузурги давлатиро амалӣ намуда, самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро беҳтар гардонад. Ба роҳ мондани ҳамкории муштарак бо ширкатҳои Русия имкон медиҳад, ки ин барнома дар Тоҷикистон босифат анҷом ёбад. Зеро Русия аз нигоҳи иқтисодӣ ва тавлиди маҳсулоти дар бозор рақобатпазир ҳиссаи намоён дорад.

Дар ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар низ айён гардид, ки таваҷҷуҳ асосан ба коркарди маҳсулоти саноатӣ равона гардида буд. Акнун Тоҷикистон бо сиёсати дарҳои боз қадами устуворе барои рушди иқтисод мегузорад. Аз ҷониби дигар, Русия мехоҳад мақомашро дар Осиёи Марказӣ аз даст надиҳад. Михаил Мишустин низ барои мустаҳкам кардани робитаҳо бо Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама Тоҷикистонро интихоб кардааст. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофиаш мақоми махсуси геосиёсӣ дорад.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *