Лавров дар бораи таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои мусулмонӣ гуфт

Сергей Лавров — вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки тақвияти бештари равобит бо кишварҳои ҷаҳони ислом аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Русия аст.

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, Лавров изҳор доштааст, ки Русия бо ҳамроҳи кишварҳои дӯсти мусулмонаш бар ташкили як низоми чандқутбаи ҷаҳонии одилонатару демократитар, ки бар асоси принсипҳои низомномаи Созмони Милали Муттаҳид аст, тамоюл дорад.

Вай дар нишасти гурӯҳи оянданигарии стратегияи Русия — Ҷаҳони Ислом гуфтааст: “Русия ҳамчун бузургтарин қудрати ҷаҳон ва давлату тамаддун дар минтақаи Авруосиё, равобити хубу одилона ва мутақобилан муҳтарамонае бо ҳамаи кишварҳои Ҷаҳони Ислом дорад”.

Вазири корҳои хориҷии Русия афзудааст, ки тавсеаи бештари ин равобит аз авлавиятҳои доимии сиёсати хориҷии Русия аст.

Ӯ гуфтааст: “Русия ва кишварҳои мусулмонӣ дар пайи низоми чандқутбаи одилонаи ҷаҳон, ки бар принсипҳои низомномаи Созмони Милал асос ёфтаанд, ҳастанд ва мо арзишҳои ултралибералиро, ки ғарб башиддат дар пайи таҳмил кардани он аст, рад мекунем”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *