Мактабро ба номи сарбози аз тири марзбонони қирғиз кушташуда мегузоранд (аудио)

Дар назар аст, ки то поёни моҳи март муассисаи таълимии рақами 3-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба номи Сунатулло Маҳмадов — аскари кушташудаи тоҷик гузошта шавад. Сунатулло Маҳмадов 10-уми марти соли равон аз сӯи марзбонони қирғиз кушта шуд.

Сафар Раҳимзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки “барои эҳтиром ба қаҳрамонии Сунатулло Маҳмадов, сарбози шаҳидшудаи тоҷик мо тасмим гирифтаем, ки муассисаи таълимии рақами 3-и деҳаи Арали ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсовро ба номи ӯ гузорем. Мардонагӣ ва қаҳрамонии ӯро мо мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Ман низ хизмати ҳарбиро дар сарҳад адо кардаам. Сунатуллои далер, ҷасур, нотарсу зиндаёд барои ман ҳамчун марди ҳақиқӣ ва қаҳрамон аст. То умр боқист, ёди ӯ аз хотироти мо фаромӯш намешавад”.

Фарҳод Аъзамов, директори муассисаи таълимии рақами 3-и деҳаи Арал гуфт, ки Сунатулло Маҳмадов соли 2019 муассисаро бо баҳои хуб ва рафтори намунавӣ хатм кардааст.

— Ӯ яке аз хонандаҳои фаъоли муассисаи мо буд. Дар корҳои ҷамъиятӣ пайваста иштирок мекард. Ҳоло тасмим шудааст, ки муассисаи моро ба номи ӯ мегузоранд. Бисёр кори хуб ва бузурге мешавад,- афзуд ӯ.

Муҳаммадсафар Мирзоев, раиси Кумитаи маҳаллаи Арал мегӯяд, ки Сунатулло Маҳмадов инсони ватандӯст ва ҷавони боғайрат буд: “Ҷасади ӯро дар оромгоҳи деҳаи Арал рӯзи 11-уми март ба хок супоридем. Дар маросими ҷанозаи Сунатулло Маҳмадов намояндагони касбу кори гуногун иштирок доштанд. Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қариб ҳар субҳ ба хонаи онҳо омада, дуо мекунад. То имрӯз ба хонаводаи онҳо кумакҳои зиёд карданд. Ваъда ҳам доданд, ки минбаъд боз ҳам ба оилаи онҳо ҳамаҷониба кумак мекунанд”.

Сунатулло Маҳмадов 8-уми апрели соли 2020 барои иҷрои қарзи фарзандии хеш назди Ватан-Модар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст. Барои сарбаландона адо намудани қарзи фарзандии хеш камтар аз як моҳи дигар монда буд, ки мутаассифона, аз тири марзбонони қирғиз кушта шуд.

Чаде аз ҷавонону сокинони деҳаи Арал дар суҳбат бо мо гуфтанд, ки ёди Сунатулло Маҳмадов — қаҳрамони ин давру замон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз Сунатулло Маҳмадов, сарбози шаҳидшудаи тоҷик ҳамчун як қаҳрамон ёд карда, ҷавонмардиву ватандӯстии ӯро намунаи ибрати дигар ҷавонон медонанд.

Идораи рӯзномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj ба наздикону пайвандони сарбози шаҳидшудаи тоҷик ҳамдардии амиқ арз намуд, ба онҳо сабру таҳаммул хоҳонанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *