ришва

Мансабдор бо 50 ҳазор пора ба даст афтод

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва дар пайи тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ кардан ба додгоҳ супурда шудани парвандаи Алиев Алӣ Ашӯрович, раиси ҳамакнун собиқи Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан хабар дод.

Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванд гуфт: “Алиев Алӣ зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои ҳамчун намояндаи фармоишгар қабул намудани корҳои насбкунии обченкунакҳо ва таҷҳизоти пайвасткунӣ дар шаҳри Истаравшан маблағи 14 ҳазор доллари ИМА гирифта, боз овардани 50 ҳазор сомонии дигарро талаб кардааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Алиев А.А. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 50 ҳазор сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”.

Аммо бо онки сухан дар бораи гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор меравад, парвандаи Алӣ Алиевро бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург ҷамъубаст кардаанд. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда имсол баробари 68 сомонӣ, ё 6,5 доллари амрикоист) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то д12 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5сол ё бидуни онро пешбинӣ мекунад.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои ҳамчун қаллобӣ корбаст кардани парвандаҳои порагирии мансабдорон хеле зиёд мушоҳида мешавад. Дар аксари мавридҳо дар додгоҳ ин мансабдорони порахӯр бо пардохти ягон ҷаримаи рамзӣ аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *