Мансабдорони заминфурӯш ном бурда шуданд

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ аз мансабдороне ном бурдааст, ки барои хариду фурӯш замин дар соли 2022 дастгир шуда буданд.

“Барои чунин кирдорҳо собиқ раиси ноҳияи Шаҳритус Оймаҳмадзода Р. (фурӯши 11 га замин бар ивази 1 млн сомонӣ), муовини раиси ноҳияи Қубодиён Гулҳусейнов И. (фурӯши 13 га замин бар ивази 54 500 сомонӣ), раиси ҷамоати деҳоти ноҳияи Варзоб Каримов К. (фурӯши 20,6 га замин бар ивази 600 ҳазор сомонӣ ва 100 000 доллар) ва дигарон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд”,- омадааст дар ҳисоботи Юсуф Раҳмон.

Ҳамзамон, соли гузашта нисбати 252 нафар шахсони мансабдор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Юсуф Раҳмон изҳори нигаронӣ кардааст, ки “гарчанде дар самти назорати риояи истифодаи самаранок ва оқилонаи замин корҳои муайяне ба сомон расонида шуда истода бошад ҳам, тақсимоти ноодилонаи қитъаҳои замин, сохтакории ҳуҷҷатҳо, хариду фурӯш ва худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин идома доранд”.

Гуфта шудааст, ки 16032 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида баргардонида шуда, 16,9 (5,8) млн сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *