Тағирот: Донишҷӯёни Тоҷикистон пеш аз муҳлат имтиҳон месупоранд

Дар барномаи таълимии муассисаҳои олии кишвар доир ба супоридани имтиҳонҳои давлатӣ тағйирот ворид гардид. Дар ин бора манобеи огоҳ  аз Вазорати  маориф ва илми кишвар ба  “Pressa.tj” хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, ин тасмим дар як ҷаласаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ки дар он масъулини макотиби олии кишвар  иштирок доштанд, гирифта шуд.

 Вазорати маориф ва илми кишвар муасисаҳои олиро вазифадор намудааст,  дар робита ба хатари паҳншавии коронавирус имтиҳонҳои давлатиро як моҳ пеш аз муҳлат қабул намоянд. Супоришҳои амалиро бошад, донишҷӯён дар давраи таътил, дар хона иҷро мекунанд. Интизор меравад, ки имтиҳонҳои давлатӣ дар макотиби олии кишвар то 18-уми майи соли равон ба анҷом расад.

Бояд қайд намуд, ки тибқи қоида имтиҳонҳои давлатии муасисаҳои олии кишвар аз аввали моҳи июн оғоз гардида, то миёнаҳои  моҳи июл идома меёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!
  1. Pingback: Бе ҳукмнома | Тағйирот: Донишҷӯёни Тоҷикистон пеш аз муҳлат имтиҳон месупоранд – Factcheck.TJ

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *