Моҳи Шаъбон

Маърифати исломӣ: Фазилатҳои моҳи Шаъбон

Шаъбон моҳи ҳаштумини соли ҳиҷрии қамарист. Расули акрам (с) фармудаанд: «Шаъбону шаҳрӣ ва Рамазону шаҳруллоҳ». Яъне: Шаъбон моҳи ман ва Рамазон моҳи Аллоҳ аст. (Дайламӣ).

Дар ҳадисе омадааст, ки Расули акрам (с) бо дидани ин моҳ, ин дуоро мехонданд: «Аллоҳумма борик лано фӣ Раҷаба ва Шаъбона ва баллиғно Рамазон». Яъне: Парвардигоро, моҳи Раҷаб ва Шаъбонро барои мо муборак гардон ва ба саломатӣ моро ба Рамазон бирасон.

Шаъбон ба маънои шох дар шох шудан аст. Ҳазрати Анас (р) мегӯяд: “Сабаби ин ки ин моҳ ба Шаъбон номгузорӣ шуд, ин аст, ки дар ин моҳ некиҳои рӯзадор ҳамчун шохҳо афзоиш меёбад ва рушд мекунад”.

Модарамон ҳазрати Оишаи Сиддиқа (р) мефармоянд: «Ҳеҷ моҳе ҳамчун Шаъбон (ба ҷуз Рамазон) мушоҳида накардаам, ки Паёмбар (с) дар он ин қадар ба касрат рӯза бигирад. Он Ҳазрат (с) бисёр меписандиданд, ки айёми Шаъбон рӯза дошта, ба Рамазон мулҳақ намоянд. (Муслим, «Салот»-176 Абӯдовуд, «Савм», 56).

Ҳазрати Усома (р) мегӯяд: “Эй Расули Худо (с), Шуморо мушоҳида мекунам, ки дар моҳи Шаъбон бисёр рӯза мегиред, сабабаш чист?”. Расули акрам (с) гуфтанд: “Ин моҳ чунон моҳе аст, ки дар миёни Раҷаб ва Рамазон қарор дорад, мардум аз фазилат ва аҳамияташ ғофиланд. Дар ин моҳ аъмоли бандагон ба боргоҳи Парвардигор арза карда мешавад. Ман орзу дорам, ки ба ҳангоми арза шудани аъмолам аз шумори рӯзадорон бошам”. (Сунани Насоӣ).

Рӯза гирифтан дар ин моҳ, ба манзалаи хондани намозҳои суннатӣ қабл аз намози фарз мебошад. Фоидаи суннатҳо ин аст, ки бо хондани он қалби инсон ба сӯи намози фарз комилан мутаваҷҷеҳ мешавад. Ба ин гуна бо рӯза гирифтан дар Шаъбон нисбати унс ва тааллуқи қалбӣ бо рӯзаи Рамазон ҳосил мегардад. Номи Шаъбон аз калимаи «ташаъъаба» гирифта шуда, маънои вусъатдиҳӣ, паҳншавиро дорад, яъне дар ин моҳ хайру некӣ паҳн мешавад.

Дар баробари фоидаҳои ҷисмонии рӯзадорӣ дар рӯзҳои моҳи Шаъбон, он ҳамчун омодагӣ ба моҳи мубораки Рамазон дониста мешавад. Ба таври дигар бигӯем, он муқаддимаи моҳи шарифи Рамазон аст. Дар ин моҳи муаззам қориёни Қуръон ба такрори Каломи шариф мепардозанд ва аз ҳамин ҷост, ки моҳи Шаъбонро моҳи қориён низ мегӯянд. Амр ибни Қайс ал-Муллоӣ аз ҳофизони машҳури Қуръон ҳамин ки моҳи Шаъбон медаромад, дӯконашро баста, ба қироати Қуръон саргарм мешуд.

Дар моҳи Шаъбон шаби олиқадре бо номи «Барот» мавҷуд аст, ки миёни рӯзҳои 14-15-уми ин моҳ меояд. Барот маънои тамоман дур ё ҷудо шуданро дорад. Ин шаб вақти покшавӣ аз гуноҳҳо аст. Аллоҳ таъоло гуноҳи он муъминеро, ки дар ин шаб тавба ва ё дуо мекунад, мебахшад.

Ба ин мақсад Пайғамбар (с) фармудаанд: «Дар шаби понздаҳуми моҳи Шаъбон намоз гузоред, рӯзона дар рӯзи дигар рӯза доред. Дар ин шаб то баромадани офтоб меҳрубонии Аллоҳ таъоло беандоза буда, Ӯ шахсони муҳтоҷро бенасиб намегардонад”.

Аллоҳ таъоло мефармояд: “Оё ҳастанд онҳое, ки мағфирати гуноҳ металабанд? Ман онҳоро мағфират мекунам. Оё ҳастанд онҳое, ки сарват мехоҳанд? Ман ба онҳо сарват медиҳам. Оё ҳастанд бемороне, ки шифо мехоҳанд? Ман шифояшон медиҳам. Агар талаб дошта бошед, талаб кунед. Ман онро иҷро мекунам”. (Ибни Моҷа, «Ат-тоҷ», ҷилди 2, саҳ. 93).

Шаъбонро ҳамчунин моҳи дуову зикру ёду таваҷҷуҳ ва ибодату истиғфор гуфтаанд.

Абдулвоҳид ҲОМИДОВ, мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *