намоз

Маърифати исломӣ: Як сураро ду бор хонам?

Вақтҳои охир бисёр фаромӯшхотир шудаам. Мехостам фаҳмам, ки агар бо сабаби фаромӯшхотирӣ як сураро ду бор хондӣ, намозро халалдор намесозад?

МАМЛАКАТ, шаҳри Панҷакент

Посух:

— Ду маротиба хондани сура ягон зиён ё кароҳият надорад, агар намозгузор ин корро қасдан накунад.

Дар баъзе намозҳо, ба монанди шукри вузуъ дастуроти соҳиби шариат аст, ки як сура — сураи Иноанзално ду бор хонда шавад. Дар ракати дуюм як бор, дар таҳияи масҷид бошад, 5 маротиба. Сураи Кавсар (Иноаътайно) дар ракати дуюм 3 маротиба хонда мешавад. Ин дастурот ҳукми шаръӣ дорад, ки дар баъзе намозҳо сураҳо такроран хонда шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *