фолбин

Маърифати исломӣ: Эътиқод ба фолбин

Ман барои вайрон нашудани оилаамон чанд бор ба назди фолбин рафтам. Ӯ гуфт, ки ҳар моҳе биё, туро бо шавҳарат гармӣ мекунам. Ман ду бор ин корро кардам. Намедонам, ки Худованд маро мебахшад ё на?

МАЙСАРА, шаҳри Истаравшан

Посух:

— Ин коре, ки шумо анҷом додед, тавбаву истиғфор мехоҳад, шумо сидқан аз ин амали анҷомдодаи худ пушаймон шавед ва аз Худованд омурзиш бихоҳед. Масъалаи меҳру муҳаббат ва вафодории шавҳаратонро болои саҷҷода (ҷойнамоз) ҳал кунед, намоз бигузоред ва ҳама мушкилоти моддӣ ва маънавиатонро дар охири намоз аз Парвардигори меҳрубон талаб кунед.

Илова бар ин, барои меҳру муҳаббати шавҳарро ба даст овардан шумо бояд бо шавҳаратон бо қалбу чеҳраи кушода муносибат кунед ва дар зиндагӣ самимӣ бошед, иншоаллоҳ ҳамон меҳреро, ки мехоҳед, ба даст меоред ва ба мақсуди худ мерасед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *