Маърифати молиявӣ. 5 маслиҳат ба донишҷӯён
Донистани асосҳои маърифати молиявӣ барои ҳар нафар, бахусус донишҷӯён хеле муҳим аст. Донишҷӯён одатан бо даромади маҳдуд, мисли кумакпулии падару модар, стипендия ё кори нимрӯза зиндагӣ мекунанд. Дар чунин ҳолат, қобилияти банақшагирӣ ва идора кардани хароҷот метавонад дар таъмини зиндагии устувор ва оромии онҳо нақши муҳим гузорад.
Якум, тартиб додани буҷети моҳона. Буҷет нақшаи молиявии моҳона аст, ки дар он даромаду хароҷот қайд карда мешаванд. Масалан, агар даромади моҳонаи донишҷӯ аз ҳисоби стипендия 400 сомонӣ, кумаки падару модар 500 сомонӣ ва даромади кори нимрӯза 500 сомонӣ бошад, ҷамъ 1400 сомонӣ мешавад.
Хароҷот метавонад чунин бошад: иҷора – 500 сомонӣ, роҳкиро – 150 сомонӣ, хӯрок – 500 сомонӣ, телефон ва интернет – 100 сомонӣ, китобу дафтар – 50 сомонӣ. Ҷамъи хароҷот – 1300 сомонӣ. Маблағи боқимонда – 100 сомониро метавон барои пасандоз ё ҳолатҳои зарурӣ захира кард.
Дуюм, танзими хароҷоти ҳамарӯза. Баъзан маблағ барои хароҷоти хурд, мисли қаҳва, таксӣ ё хӯрокҳои зудтайёр сарф мешавад. Масалан, ҳар рӯз 10 сомонӣ харҷ кардан дар як моҳ ба 300 сомонӣ мерасад. Бо назорат кардани хароҷоти хурд, метавон маблағи зиёдро сарфа кард. Барои ин истифодаи рӯзномаи молиявӣ ё барномаи мобилии баҳисобгирии маблағҳо тавсия дода мешавад.
Сеюм, бартарӣ додан ба хароҷоти муҳим. Барои донишҷӯ аввалиндараҷа инҳо бояд бошанд: иҷора ё ҷойи зист, хӯрок ва хариди ашёи хониш. Хариди чизҳои ғайризарурӣ, мисли либоси гарон, телефону техникаҳои нав лозим нестанд. Инҳо бояд то беҳтар шудани вазъи молиявӣ ба таъхир гузошта шаванд.
Чорум, кӯшиши даромаднок шудан. Агар имкон бошад, донишҷӯ метавонад корҳои фосилавиро (freelance) анҷом диҳад. Масалан, репетиторӣ кунад, маҳсулоти ҳунари дастиро фурӯшад, дар озмуну олимпиадаҳо, чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ иштирок намояд ва мукофотпулӣ гирад. Аз ҳама муҳим доштани завқу хоҳиш аст.
Панҷум, захира кардани маблағ. Ҳатто, агар донишҷӯ дар як моҳ танҳо 100 сомонӣ пасандоз намояд, дар як сол ин ба 1200 сомонӣ мерасад. Ин захира метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ, мисли беморӣ, таъмири телефон ё хариди китобҳо муфид бошад.
Бинобар ин, танзими хароҷот одати хуб аст ва он қобилиятро талаб мекунад. Донишҷӯе, ки имрӯз меомӯзад, ки чӣ гуна маблағашро дуруст идора кунад, фардо ба шахси мустақил ва муваффақ табдил меёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ