Марказҳои комютерӣ бадахлоқ мекунанд?

Шоҳиди воқеае шудам. Марди миёнсоле назди интернет-кафе писари наврасашро носазо мегуфту байни суханҳояш чанд бор такрор мекард, ки “ҳукумат ба куҷо менигарад?! Бояд «Интернет-кафе»-ҳоро банданд, то фарзандони мардум бероҳа нашаванд”.

Мардуми раҳгузар қисме ба тарафдории мард овоз баланд мекарданду қисми дигар бетараф пайи ташвишҳои худ овора буданд. Он лаҳза ман ҳам намедонистам тарафдори он мард шавам ё не, вале баъдтар ин ҳодиса таконе гашту чанд фикрамро рӯи коғаз овардам.

Рости гап, имрӯз дар шаҳри Душанбе сари ҳар қадам интернет-кафеҳоро вохӯрдан мумкин аст. Касе тавонистааст, дар як ҳуҷраяки танг чанд компютерро ба ҳам овардаю онро «Маркази компютерӣ» унвон намуда, тиҷораташро аз ҳисоби бачаҳои беодобу моҷароҷӯ равнақ медиҳад. Аслан, асри бистуяк асри технологияи навин асту бача бояд аз он баҳраманд бошад. Гумон мекунам, ки ба беодобу гарданшах шудани фарзандони мо на интернету компютер, балки аз маърифату фарҳанг ва тарбияи анъанавии тоҷикӣ дур мондани онҳо сабаб мегардад. Имрӯз қариб дар ҳар хона компютер мавҷуд асту бо телефонҳои мобилӣ роҳат ба интернет пайваст шудан имкон дорад. Пас, аз ҳукумат талаб кардани бастани марказҳои интернетӣ чӣ маънӣ дорад?

Агар соҳибмаърифату доноем, дар интернет-кафе низ метавонем як руҳияи мусбате барои хеш пайдо намоем. Аммо афсӯс, аксари бачаҳои мо имрӯз интернетро як манбаи дилхушӣ ва бозӣ медонанд. Кам ҷавононеро вохӯрдан мумкин аст, ки ба хотири ҷустани илми наве рӯ ба компютеру интернет биёранд. Онҳо сомона ба сомона сайр карда, ғайбату фисқу фуҷур мекобанд, ки саромадонаш калонсолонанд!

Гумони ғолиб он аст, ки наврасону ҷавонони мо бо бархӯрд ба техникаи навин тайёр набуданд, соддатар карда гӯем, ақлашон ба истифодаи дурусту самараноки компютеру интернет намерасад. Ҳар як ихтирооти илмӣ ба хотири осон намудани мушкили инсон ва дуруст сарфа намудани вақти дар даст дошта аст, вале мо компютеру интернетро на барои сарфа кардани вақт, балки барои гузаронидани он сарф мекунем.

Аз мушоҳидаҳоям медонам, ки волидон низ компютерро танҳо барои бозӣ кардани фарзандонашон харидорӣ намуда, бепарвоянд, ки ҷигарбандонашон беҳтарин лаҳзаҳои умри ҷавонашонро назди равзанаи он паси сар мекунанд.

Чун дар урфият мегӯянд, ки “як сухан сесаду шасту шаш паҳлу дорад”, сухани ҳамон марди аз дасти интернет-кафеҳо ба дод омада низ ҳақиқат дорад. Бояд аз тарафи масъулини соҳа раванди кори ин гуна марказҳо омӯхта шуда, чӣ гуна барномаҳо доштанашон муайян шавад. Ин гуна ташаббусро метавонанд худи волидайн ба даст гиранд, зеро онҳо ҳақ доранд донанд, ки фарзандонашон ба куҷо мераванду ба чӣ кор машғуланд.

Ба хотири чанд сомонӣ бо тақдири кӯдакон бозӣ намудан аз рӯи имону виҷдон ва оини инсонӣ нест!

Лолаи САИДАКБАР

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.