Марям Митро — Афғонистон

Бекасӣ

Кош мешуд, ки бигӯям чӣ қадар дилтангам,

Кош мешуд, ки бароят бинависам.

Эй дӯст!

Ҳеҷ кас ин ҷо нест,

Ҳеҷ кас ин ҷо нест.

Ҷуз ману сояаму танҳоӣ,

Ва сукуте, ки маро хоҳад кушт.

Ва ту эй ёр! Дигар боз нагард,

Ҳеҷ кас мунтазират нест, наё.

Ҳама дар умқи худашон мурданд,

Кош мешуд, ки бароят бинависам ин ҷо,

Ҳама бо сахттарин нуқтаи кӯҳ пайвастанд.

Ҳеҷ кас мунтазири рӯд намонд,

Ки бишўяд захми танҳоии худро бо об.

Касе дӯрии туро шеър нахонд,

Ҳеҷ кас ҳанҷараи захмии худро нагарист,

Ҳеҷ кас панҷараашро бо субҳ тақсим накард,

Ҳама танҳоияшонро куштанд.

Ҳеҷ тасвир дар ҳеҷ оинае нақш набаст,

Ки ҳама гум шудагиҳои маро дарёбад.

Кош мешуд, ки бароят бинависам ин ҷо,

Милаҳои қафас андозаи парвози кабутарҳо нест.

***

 Овора…

Мисли санге, ки аз кӯҳ дур афтодааст,

Мисли мавҷе, ки аз рӯд,

Мисли барге, ки аз дарахт,

Аз ту дур афтодаам.

Мисли боде, ки дар ҷангал роҳашро гум мекунад,

Сар бар дарахтҳо мекӯбад,

Ва дарахташро намеёбад,

Гумат кардаам.

Сонияҳо бедиранг убурам мекунанд,

Соатҳо зуд, зуд аз роҳ мерасанд.

Замон шитоби аҷибе дорад,

Ки аз сари мо рад шавад.

Биравад ба сайри садаҳое,

Ки на «туе» вуҷуд дорад на «мане».

Сарзамини дур афтодаагон даст наёфтанист,

Ман роҳашро намедонам.

Дилам бароят танг шуда, баргард!

Пеш аз он ки замон роҳи моро гум кунад.

مریم میترا — افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *