Масъалаи паноҳандагон дар Тоҷикистон матраҳ гардид

Рӯзи 1-уми июн миёни муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо роҳбари Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Мулугета Зевдӣ гуфтушунид сурат гирифт.

Хабар дода мешавад, ки дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо UNHCR, аз ҷумла мусоидат ба паноҳандагон ва дигар масъалаҳои муштарак табодули назар карданд.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки ба зудӣ фаъолияти кории роҳбари Намояндагии UNHCR дар Тоҷикистон ба охир мерасад, бинобар ин, Ф. Салим ба роҳбари Намояндагӣ изҳори миннатдорӣ намуда, дар корҳои минбаъдааш муваффақиятҳо таманно кард.

Ёдрас мешавем, ки бино ба омори то моҳи май дар Тоҷикистон 9 532 гурезаву паноҳанда (дар шаҳри Ваҳдат 77%, дар ноҳияи Рӯдакӣ 10%, дар шаҳри Душанбе 6% ва дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ 7%) зиндагӣ мекунанд. 99%-и онҳо тоҷикони Афғонистон буда, 69%-ашонро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Соли 2017 шумораи паноҳандагону гурезагон 850 ҳазор нафар буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *