Машварати ҳуқуқӣ: Ҷавони биноияш пастро ба хизмат мебаранд?

Писарам синфи 8 мебошад, биноияш паст аст. Мегӯянд, ки ҷавонони биноии кам доштаро низ ба хизмати ҳарбӣ мебаранд, вале ман дақиқ намедонам, ки то куҷо ин сухан дуруст аст. Мехостам, ки ҳуқуқшиносон дар ин маврид ба ман маълумоти муфассал диҳанд?

— Тибқи талаботи сархати 1, қисми 1, моддаи 30-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.

Ғайри қобили хизмати ҳарбӣ будани шахсро вобаста ба вазъи саломатӣ комиссияи тиббӣ муайян мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.