загс

Машварати ҳуқуқӣ: Бо шаҳрванди кишвари хориҷӣ чӣ гуна ақди никоҳ бандам?

Барои бастани ақди никоҳ байни шаҳрванди мамлакати хориҷӣ ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом шартҳо зарур мебошанд?

МАМЛАКАТ, шаҳри Душанбе

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Пеш аз ҳама бояд қайд намоем, ки барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва синни никоҳӣ доштани онҳо зарур аст.

Агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд: якум, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир истиқомат намудани шаҳрванди хориҷӣ, дуюм бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *