загс

Машварати ҳуқуқӣ: Никоҳ байни кадоме аз хешу таборон манъ аст?

Бастани ақди никоҳ байни кадоме аз хешу таборон манъ аст? Масалан, бастани ақди никоҳ байни холабачаҳо мумкин аст ё не?

ЁРМУҲАММАД, шаҳри Душанбе

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Мувофиқи талаботи Кодекси оила, ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст:

— байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ);

— байни бародарону хоҳарони айнӣ ва угай (ки аз як падар ё модаранд);

— байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар;

— байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян;

— байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд;

— байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон.

Бастани ақди никоҳ дар байни холабачаҳо манъ мебошад, чунки чунин ақди никоҳ байни хешутаборони наздик эътироф шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *