Машварати ҳуқуқӣ: Волидайн дар таълиму тарбия уҳдадориҳои якхела доранд?

Оё падару модар зимни интихоби мактаби миёна барои таҳсил фикру ақидаи кӯдакро ба назар мегиранд ё не? Волидайн дар тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои якхела доранд ё не? ШАҲЛО, шаҳри Роғун

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

-Падару модар барои тарбияи фарзандони худ дорои ҳуқуқу уҳдадорӣ мебошанд. Падару модар барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, вазифадоранд, ки дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, руҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таълим, касбомӯзии фарзандонашон ғамхорӣ намоянд.

Падару модар дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба ҳамаи шахсони дигар ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

Волидон вазифадоранд, ки барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ ба фарзандонашон имконият фароҳам оваранд. Падару модар ҳуқуқ доранд, ки бо назардошти фикру хоҳиши фарзандонашон муассисаҳои таълимӣ ва шаклҳои таҳсили онҳоро то давраи аз ҷониби онҳо гирифтани маълумоти умумии асосӣ интихоб намоянд.

Падару модар дар таълиму тарбияи фарзандони худ дорои дигар ҳуқуқу уҳдадорӣ ва масъулияте мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *