Маскав масъаларо ҳал мекунад?

 

Хадамоти авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо пахши як изҳороти расмӣ гуфт, ки Русия ҷадвали парвозҳои ширкатҳои тоҷикистониро танҳо то 8-уми ноябр тасдиқ кардааст. 

Тибқи изҳороти расмӣ, ки дар сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон нашр шудааст, мақомоти тоҷик барои парвозҳои ширкатҳои русиягӣ то охири мавсими зимистони соли 2016-2017 иҷозат додаанд.

Мақомоти тоҷик хабари расонаҳои русӣ, зери унвони “Таджикистан может не взлететь»-ро иғвоангез хонда, афзудаанд, ки нисбати парвози ширкатҳои русиягӣ мухолифате надоранд. Хадамоти авиатсияи граждании тоҷик таносуби парвозҳои ширкатҳои русиягиро дар бозори мусофирбари Тоҷикистон нашр кардааст, ки бар асоси он қисми бештари бозор дар ихтиёри ширкатҳои русӣ қарор дорад: “Аз ҷумла дар хатсйри Душанбе–Москва–Душанбе аз ҷониби ширкатҳои тоҷикистонӣ — “Сомон Эйр” – 7 парвоз, “Тоҷик Эйр” – 7 парвоз ва аз тарафи ширкати русиягии “Ют Эйр” – 14 парвоз анҷом дода мешаванд. Аз фурудгоҳи Хуҷанд “Сомон Эйр – 3 парвоз, “Тоҷик Эйр” – 4 парвоз ва аз ҷониби ширкати русиягии “Сибирь” 7 парвоз амалӣ мешавад. Аз фурудгоҳи Кӯлоб танҳо ширкатҳои русиягӣ “Уральские авиалиний” — 4 парвоз ва “Сибирь” — 3 парвоз анҷом медиҳанд. Аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа низ ширкати русиягии “ВИМ Авиа” 7 парвоз дар як ҳафта анҷом медиҳад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *