Матвиенко Манижаро тафтиш мекунад, Шабакаи аввал ҷавоб медиҳад
Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко аз мундариҷаи суруди Манижа, ки Русияро дар Евровидение-2021 муаррифӣ мекунад, изҳори тааҷҷуб кард ва дастур дод, ки дар бораи он, ки тартиби интихоби сароянда аз як кишвар барои як мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ чӣ гуна сурат гирифт, аз Шабакаи аввал маълумот талаб кунанд.
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко матни суруди овозхон Манижиро, ки Русияро дар ин озмуни “Евроведение” намояндагӣ мекунад, сафсата номид. “Агар шумо бо матни ин суруд ошно набошед, ман тавсия медиҳам. Онҷо ким чи хел аспҳо, сафсатаҳо. Ман аслан намефаҳмам, ки ин чӣ аст ва дар бораи чӣ? Шояд Елена Владимировна (Елена Афанасьева,депутат – шарҳи муҳаррир), шумо аз канали якум хоҳиш мекунед, ки тартиби овоздиҳӣ чӣ гуна гузарашт?” – гуфт Матвиенко дар ҷаласаи Шӯрои Федератсия.
Шабакаи аввал омода аст дар бораи овоздиҳӣ дар интихоби намояндаи Русия барои Евровидение бо дархости Шӯрои Федератсия маълумот пешниҳод кунад, гуфт хадамоти матбуотии телевизион ба РИА Новости.
Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко аз мундариҷаи суруди Манижа, ки Русияро дар Евровидение-2021 муаррифӣ мекунад, изҳори тааҷҷуб кард ва дастур дод, ки дар бораи он, ки тартиби интихоби сароянда аз як кишвар барои як мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ чӣ гуна сурат гирифт, аз Шабакаи аввал маълумот талаб кунанд.
“Суруд барои Eurovision бо роҳи овоздиҳии шунавандагон интихоб карда шуд. Тамошобинон раванди овоздиҳиро тамошо карданд, ки мувофиқати раванди овоздиҳӣ ва ҳисобкунии овозҳоро бо қоидаҳои интихоб тасдиқ карда шуд. Албатта, бо дархости Шӯрои Федератсия, мо омодаем дар бораи ин овоздиҳӣ маълумот диҳем “, – гуфт намояндаи Шабакаи аввал.
Тавре дида мешавад, дар Русия ,ҳатто дар сатҳи баланди роҳбарияти он баромади як тоҷикро,ки шаҳрванди Русия аст, аз номи кишварашон дидан намехоҳанд ва ин чорабинии фарҳангӣ торафт бештар оҳанги сиёсӣ мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ