Мавлона Наҷмиддинова

Мавлона Наҷмиддинова: Хушдоманро аждаҳо нишон медиҳем

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман»-и ҳафтаномаи “Оила” — ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик Мавлона Наҷмиддинова назари худро доир ба муносибати келину хушдоман иброз доштааст.

Суол:

— Вақте арӯсак ба хонаи хушдоман ворид мешавад, модари хонадон меҳмони навро чӣ гуна бояд пешвоз гирад?

Посух:

— Аввалин коре, ки дар муносибати келину хушдоман сар мешавад, аз модари духтар оғоз мегирад. Мо духтардорҳо хушдоманро баъзан дар назари духтарҳоямон аждаҳо нишон медиҳем. Хусусан модароне чунин рафтор мекунанд, ки худашон аз хушдоманҳо азияти сахт кашидаанд. Ин гуна модарон фаромўш мекунанд, ки зиндагии онҳо дигар буду аз фарзандашон дигар аст.

Дуюм ин ки, духтаронамонро ба ҳаёти мустақил тайёр накарда, зуд ба шавҳар медиҳем, гўё аз кадом бори гарон ҷонамонро зудтар халос карданӣ мешавем. Бечора духтар аз хоби ноз сер накарда, дар бораи зиндагии оилавӣ чизе наомўхта, худашро дар хонаи шавҳар мебинад. Падару модари домод ҳам маҳру мол дода, барои худ гўё хизматгор харида бошанд, ҳама бори зиндагиро ба дӯши келин мепартоянд. Албатта, ин ба ҳама хушдоманҳо дахл надорад, зеро ҳастанд бонувони хирадманде, ки келинро чун духтар қабул кардаву ҳама кору борро барояш меомўзонанд. Ман худам дидаам ва шоҳидам, ки ин гуна модарони фариштахисол ҳама чизи дар зиндагӣ омўхтаашонро ба келинҳояшон меомўзанд. Имрўз келинҳои онҳо кори сад корафтодаро ба сомон мерасонанд. Солҳои пеш агар ба духтар хостгорӣ меомаданд, аввал мепурсиданд, ки домодшаванда дар куҷо хондааст, хизмати ҳарбӣ кардааст ё не? Баъд тагу тўшаи якдигарро хуб мефаҳмиданду хонадор мешуданд. Ҳоло чӣ?! Имрўз гўё бо ишқу муҳаббат хонадор мешаванду баъди чанде мешунавӣ, ки ҷудо шудаанд.

Гумон мекунам, сабаби асосии вайрон шудани оилаҳо, ки имрўз дар ҳама ҷо бонги изтироб мезананд, дар бесаводӣ, бефарҳангӣ ва аз маърифати исломиву дунявӣ бехабар будани мост. Бобоёни мо мегуфтанд, ки аз гирифтани калимаи талоқ аршу курсӣ меларзад, аммо барои бархе аз ҷавонони имрўза талоқ бозича шудааст. Мо бояд аз хурдӣ дар вуҷуди фарзанд меҳру муҳаббат ба арзишҳои волои инсониро тарбия кунем, он вақт шояд дигар ҳеҷ гоҳ дар бораи вайроншавии оилаҳо ва муносибати бади келину хушдоман нагўем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *