Меҳрангези Соҳил – Афғонистон — Олмон

Хомӯш…

Киям ман?

Як ғуруби бе тулӯъ.

Ошуфтае аз ҷинси ҷунун,

Оворае аз диёри тардид.

Қосиди лаҳзаҳои талх,

Сутуре  аз авроқи танҳоӣ.

Ғурриши абри сиёҳу бепаноҳ,

Тобише аз ҷинси ғуруб.

Соҳили бе дарё…

Ҳамсадои ашк…

Ҳамзабони ғам…

Ҳамнаваи дард…

Пурфарёдтар аз сукут,

Буғзи нотаркида.

Ғурубе дар тулӯъ…

Зодаи айёми сарду сукут.

Як фарёди бесадо…

Як пайдои нопайдо!

Дарди бе дармони ишқ,

Оре! Ман як ғуруби бетулӯъам!

***

 Орзу…

Моҳиро пурсиданд: чиро дӯст медорӣ,

Гуфт: обро – бе ӯ ман ҳеҷам — ман нестам.

Шамъро гуфтанд: чиро дӯст медорӣ,

Гуфт: парвонаро! Танҳо ӯст к-аз баҳри ман месӯзад.

Булбулро пурсиданд: чиро дӯст медорӣ,

Гуфт: боғро! Боғ хонаи ман аст.

Фазояш таронаи ман аст!

Модарро пурсиданд: киро дӯст медорӣ,

Ҷавоб дод: ин ҳам (пурсиш) аст, фақат фарзандамро.

Шабро пурсиданд: чиро дӯст дорӣ,

Гуфт: маҳтобро.

Ӯст, ки бо ин ҳама сияҳрӯйии ман,

Боз ҳам бо ман аст!

Шабнамро пурсиданд: чиро дӯст хоҳӣ дошт,

Гуфт: гулро!

Магар намебинед, ки ҳар субҳ ба рўяш бӯсаҳо нишондаам.

Маҷнунро пурсиданд: киро дӯст медорӣ,

Бо нешханд ба пурсишгарон бидид…

Ва бе ҷавоб қадам дар биёбон ниҳод.

Инсонро пурсиданд: чиро дӯст медорӣ,

Зудтар ҷавоб дод:

Озодиро…

Озодӣ

Зиндагӣ яъне озодӣ….озодӣ яъне зиндагӣ.

Бибахш маро, ки дар об — оташ задам,

Бибахш маро, ки як — ду қадам то сукутро надидам.

Бибахш маро, ки лолаҳоро пар-пар кардам,

Бибахш маро, ки мафҳум жолаи сабзро надонистам,

Бибахш маро, ки қатароти боронро набӯсидам.

Бибахш маро, ки зебоии дунёятро надидам,

Бибахш маро, ки чашм набастам ва… даст накушудам.

… То рангҳоро дар ихтиёри рӯҳ қарор диҳам,

То ки рӯҳ аз он каҳкашони сабз месохт.

…Ва ё шояд офтоб обе,

Ва ё ҳам сангҳои нарму рангинтар аз рӯъё!

Бибахш маро, ки парниёни вожаҳоятро эҳсос накардам.

Бибахш маро, ки аз тарси аз даст доданат,

Зери соя будани дастони меҳрубонатро надидам.

Охир ин ҳама иқтизои ишқ буд …аммо ман надонистам.

Пас, нигоро! Бибахш маро…

Чунки ман забони ишқро бегона будам!

مهرانگیز ساحل — افغانستان — آلمان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *