Қадрдонӣ дар Рӯзи ид (аксҳо)

«Табиб бояд накӯкор, софдил, беғараз, боинсоф, ҳақгӯй ва хушмуомила бошад».

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

18-уми августи соли 2020 бахшида ба Рӯзи кормандони тиб ва солгарди бузургтарин чеҳраи илми Шарқ — Абӯалӣ ибни Сино дар  Маҷмааи давлаии «Кохи Борбад” мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  бо кормандони соҳаи тандурустии кишвар баргузор гардид.  

Дар ибтидо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми кормандони соҳаро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфт. Зимни суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба паҳншавӣ ва паёмадҳои бемории сироятии нави коронавирус COVID-19 андешаронӣ карда, хизматҳои арзанда, шуҷоати табибон ва ҳамшираҳои шафқатро дар муассисаҳои тиббии кишварамон махсус зикр намуд.

Ба таъқиди Сарвари давлат,  табибоне, ки дар он шабу рӯзҳо дар беморхонаҳои сироятӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда заҳмат кашиданд, намунаи баланди ватандӯстиву инсондӯстӣ нишон доданд ва садоқати худро ба касби интихобнамудаашон исбот кард.

Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва махсусан, ба табибону ҳамшираҳои шафқат, ки дар он рӯзҳои вазнин матонату ҷасорат нишон доданд, аз номи Ҳукумати мамлакат самимона изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, барояшон саломатӣ ва барори кор орзу кард.

Инчунин, Пешвои миллат ба ҳамаи соҳибкорону тоҷирон ва шахсони ҳимматбаланде, ки дар рӯзҳои сангини бемории сироятӣ соҳаи тандурустиро дастгирӣ карданд, ба табибону ҳамшираҳои шафқат кумак намуданд, ба суратҳисоби махсус маблағ гузарониданд ва дар паст кардани шиддати ин беморӣ ёрӣ расониданд, изҳори сипос кард.

Дар Рӯзи иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон нафаронеро, ки дар рӯзҳои душвори паҳншавии пандемияи коронавирус ба касби худ садоқат нишон доданд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 53 нафар кормандони соҳа аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мукофотҳои давлатӣ — унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Шараф дараҷаи I, 3 ордени Шараф дараҷаи II, 27 медали Хизмати шоиста, 17 медали Шафқат ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *